Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
Модарбузурги ранҷуру раҳпоям чор соли дигар аз чашмаки тиреза ба берун менигаристу оҳ мекашиду ҳасрат мекард...
Ман, ки дигар аз зодгоҳ дур афтодааму худро офтоби сари кӯҳ меҳисобам, акнун маънои он нигоҳҳои пур аз дард ва интизориҳои ӯро дарк мекунам. Ва мисли ӯ чашм ба чашмаки тиреза медӯзаму беихтиёр пижвок мезанам: Э, кош, на ману на ягон модари рӯйи дунё раҳпойи фарзандону пайвандону зори ёру дӯст нагарданд...
Агар ба умқи таърихи миллату миҳан нигоҳ кунем, Фарғона ҳам як ҳиттаи Эрони бузург буд. Пас, ҷойи тааҷҷуб набояд бошад, ки Сӯх ҳам барои ман як пораяки Эронвичи таърихист.
Банда мафҳуми миҳанро ҳаргиз тангу сода надонистаам. Аз шахристони Сӯху марзҳои ориёии Риштону Хӯканд, Намангону Андиҷон, Ӯшу Марғилон, Самарқанди бостониву Бухорои шариф, водии Сурхону Тоҷикистони кунунӣ то хокҷойи Мавлоно Ҷомиву фарҷомгаҳи Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ - тамоми хоки поки Хуросони Бузургро Ватани худ донистаам. Мехоҳам аз зодгоҳи худ фаротар пой гузошта, ин ҳама марзу буми ормониро як-як дидаву орзу шиканам. Рӯзе, ки бо ин ният ба роҳ уфтодам, дар кулбор ба ҷойи тӯша килкеву дафтаре бо чанд пора сиёҳнавис ва мушти хоке аз манзили модар доштаму бас.
Вақте он мушти хокро бо худ мегирифтам, чӣ фикру хаёл ба сар доштам? Дақиқан ба ёдам ҳаст, мехостам як гӯшаи дурдасти Ватани аз назарҳои порсигӯёни олам дурафтодаро ба ҳамзабонон шинос кунам, ҳар ҷо, ки пой гузорам, аз он мушти гил гарде ба он марз бипошам, то аз Эронвичи пора-пора ҳадди ақал дар тасаввур барои худам сарзамини комил бисозам.
Шукри тақдир, ки пою қадами банда ба аксари шаҳру шаҳристонҳои орзукардаам расид ва хоки поки манзили

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё