Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

садрравандагон арғушти само равад, сари як хишт ҳаллочак равад...

Ду гулпараки нозбӯйи гулбоғи умрам, ду шахпараки шамъи шабистонам - Ситорабонуву Маҳпорабону бегаму бедард қадам мезананд, аз лаби ҷӯйбору аз талҳои махмалпӯш доман-доман қоқуву лолаарӯсаку гули гандум мечинанд, то мазори азизонро гулпӯш кунанд.

«Шояд ман ин манзараро, фарҷомғаҳи гузаштагонамро охирин дафъа мебинам»,– аз дил мегузаронаму дилам ширин гум мезанад. Аҷабо, ин чӣ эҳсосест, ки маро фаро гирифта? Сабаб меҷӯяму ҳолати дилро аз нигоҳи ақл маъно медиҳам: рафтани мо гум шудани мо нест. Рафтани мо эҳё гардидани мост. Умри мо дар ривоятҳо, дар таронаҳо, дар афсонаҳо давом хоҳад ёфт. Офтоби умри мо боз субҳе аз нав тулуъ хоҳад кард. Фарзандон рӯзе гарду хоки фаромӯшӣ хоҳанд афшонанд. Аз умри рӯяку кӯтаҳи мо маънии жарфу дароз хоҳанд ёфт. Рӯзгори пуразоби мо сабақе барои бозомадагон хоҳад шуд. Ва онҳо ҳалқаҳои наве дар ин силсила хоҳанд буд...

Он рӯз ҳатто дар гӯшаи хаёлам набуд, ки баъди чанде бо хости сиёсатмадорони давр роҳам ба зодгоҳи ба ҷон баробарам муддати мадиде баста мешавад. Дар ин миён чандин азизон, аз ҷумла, ду фарзанди боқимондаи бобову бибииам – додарони модари ғӯрамаргам дунёи фониро тарк карданд. Шукр, онҳо умри тӯлонию бобаракат диданд. Аммо ман - хоҳарзодаи аз зодгоҳ дурафтодаю дардманди эшон маъракаи ғамашонро обод карда натавонистам. Ман дар Душанбе, дар ҳавличаи худ аз тариқи «ватсап» сари овози хешонамро гирифтам. Ҳай гиристаму гиристам, оқибат тоқат накардаму хестам сари по ва ба сабки сӯҳӣ мӯйҳоямро оз-гоз кушодам, ба миён фӯта бастаму арғушти мотам рафтам.

Инак, ба солмандӣ ҳам расидаам, вале дар назарам гӯиё дирӯз буд, ки бо ёрии даҳ ангушт ҳисобу китоб меомӯхтам, марди чиҳилсоларо солрафта мепиндоштам, рӯзро бо умеди шунидани афсонаҳои модаркалон шом мекардам, лекин аз маргу зиндагӣ андеша намекардам. Ба

пешина
аз 208
навбатӣ