Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Ёвайло, яъне, вовайло, суруди мардони кор, суруди пур аз оҳу воҳ, суруде, ки мардҳо ду кафи даст гирди даҳон бурда, ба гӯши фалаки кар овози хешро расонидан мехоҳанд. Тавассути ин суруд ба он ёри якто муноҷот менамоянд. Оҳанги ҳазину гӯшнавози ин суруд ба мағзи ҷонам аз овони тифлӣ нишаста. Хаёлам, ягон савту наво ин гуна ширину гуворо нест.

Мо, кӯдакон, он рӯз хурсандӣ мекардем. Гирд-гирди ғарами ҳезуми бурсу заранг, бодоми талхак метохтем ва шояд дар ҳезумкашӣ ба калонсолон мадад мекардем. Ин тирамоҳи кадом сол буд? Ва ман чанд сол доштам? Боре ман ба бибиам ҳамин суолро додам.

– Ман аз куҷо донам, ки кай буд? Дуруст аст, ки маъмулан тирамоҳ ҳезум мекашонанд, яъне, ғами зимистонро мехӯранд.

– Охир, бори аввал тағоҳоям – Бобомӯсову Абдусалом кай ҳашари ҳезумравон ташкил карда буданд? Ёдатон ҳаст, ки кундаю шиббаҳои бурсу бодоми талхак оварданд?

– Ҳезумравӣ аввалу охир надошт. Ҳар тирамоҳ меоварданд. Вассалом.

– Ҳамоне, ки ба ёди ман монд, якумин ҳезумбиёрон буд.

– Хайр?

– Ман чанд сол доштам, охир?

– Аҷаб гапҳое мезанӣ. Ту ҳоло ҳашт сол дорӣ. Ҳар сол ҳезум меоварданд. Яъне, аз рӯзи таваллуди ту ин ҷониб ҳафт-ҳашт бор ҳезум кашидаанд. Ту кадомашро дар назар дорӣ?

– Шояд тирамоҳе буд, ки мо тӯй 18 доштем...

– Тӯй мегӯйӣ?

Ман лаб мегазам. Бибии рамзфаҳмам ҳам чанде лаб мебандад. Сипас, мегӯяд:

– Шояд соле пеш аз ҷашни арӯсӣ бошад. Чунки пеш аз тӯй ҷониби андаҳо дар қатори анҷомҳои дигар як мошин

18 Тӯй (аз лафзи туркӣ) – ҷашну сур, ин ҷо ба маънои ҷашни арӯсӣ.

пешина
аз 208
навбатӣ