Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Яъне, ӯ, кӯдакон ки гурусна монданд, аз тӯшаи модарашон як лаб нон шикаста медод ё модари тифли ширхораеро даъват мекард, то бачаашро шир диҳад. Кӯдакони роҳгардон афтону хезон ба баландии баромада, ба фарқи Санги лағзонак менишастанд ва дар як мижа задан худро бегазанд дар пойи санг медиданд. Тифлакон бо нидоҳои шодмонӣ пасу пеш поён мелағзиданд ва ҳамон лаҳза боз ба воситаи зинаҳои табиӣ худро боло мегирифтанд. Кампири Аён дар рӯйи кӯрпача нишаста, яктаҳбандеро шерозадӯзӣ мекарду ҳар замон алвонҷаки тифли нохуспидаеро мечунбонид. Аз кӯдакҳои сари Санги лағзонак парвое надошт. Ҳаққун, ки мураббии хурду калони деҳ буд Санги лағзонак! Мана, дар майдончаҳои кӯдакистонҳои замонавӣ даҳҳо намуд воситаҳои бозӣ, бо гуфтаи мураббияҳо, «геч-гечак»-у аргунчаку алвонҷак, аспаку луфтак, мошинҷаву велосипед мавҷуд аст. Мураббияҳои соҳибмаълумот аз рӯйи барномаҳо бачагонро таълиму тарбия медиҳанд, бо тифлакон кӯдаквор бозӣ мекунанд. Бонавбат ҳар якеро ба аргунчак нишонда таъкид медоранд, ки боэҳтиёт бошанд. Вале қариб ҳар рӯз ақаллан аз бинии яке хун меояду лаби дигаре мекафад... Ҳар сол чандин василаи бозиро нав мекунанд. Боз фалокате рӯй медиҳад. Агар мӯйсафед аз хубиҳои ин харсанги бароиаш азиз гап занад, шунавандагонаш бо тамасхӯр аз дил хоҳанд гузаронид: «Зокири Хоҷа боз сар кард!»

Занак ду пойро дар як мӯза карда истодааст, ки ҳамин харсангро аз миёни ҳавлӣ бардор. Ба ӯ фаҳмонда нашавад, ки ин санг ба мисли баъзе селовардаҳо хасу хошок набуд, ки пеш-пеши балои обхез омада бошад, ё бар асари зилзила аз фарқи кӯҳи Ровон канда шуда, ғел-ғелон фаромада бошад. Зокири Хоҷа аз замони кӯдакӣ медонад, ки ин санг дар ин макон реша дорад! Харсанги одӣ нест. Балки ин санг соҳибном аст! Ва чӣ номи зебое дорад: Санги лағзонак! Чунонки кампири ӯ мегӯяд, Санги ғеҷонак не, балки Санги лаг-зо-нак!!! Агар ҳар чизе, ки исми хос дошта бошад, вай махсусияте дорад. Пас ӯ, Зоҳири Хоҷа,

пешина
аз 208
навбатӣ