Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Марямбонуи Фарғонӣ

  • Аз хурофот то муқаддасот роҳи дуру дароз аст. Балки ин ду мафҳум ҳеҷ умумият надоранд, дар самтҳои муқобиланд, - пирамард гап зада, гап зада харашро полон мезад, - ана, ҳамин хел, ҷони бобо. Ҳа, гуфтагӣ барин, аз ёдам набарояд, хӯрчини қирғизия аз анборча барор.
  • Ягон ҷо равонаед, бобо?
  • Соҳили Обишир рафтаниям. Ҳамроҳӣ намекунӣ?
  • Он ҷо чӣ кор мекунем?
  • Санг мечинем.
  • Санги худамон кам буд магар?
    Пирамард хандид.
  • Аз соҳили наҳрак ба ин ҷӯйбораку ҳавз миқдоре сангрезаҳои ранга рехтан мехоҳам, ки ба мисли ҷӯйи Ровон оби зулолаш дилҳоро рабояд. Ростӣ, ҷӯйи симонӣ ба назарам сунъӣ метобад.
    Бобову набера қариб як ҳафта ба ободонии гирду пеши ин офаридаи бемисли табиат - Санги лағзонақ заҳмат кашиданд.
  • Аҷаб манзараи зебое пайдо кард ҳавлиамон. Агар додом аз сафари хизматӣ баргарданд, хурсанд мешаванд, - хушҳол мекард Ҷамшед.
    Зокири Хоҷа ба наберааш бо меҳр нигоҳ мекард.
  • Ана, акнун рӯйи ҳафт қабат кӯрпачаи нарм дар шоҳсӯфаи зери зарбед чойи кабуд нӯшида, фарогат кун, Зокири Хоҷа, - ҳанӯз аз дами дарвоза гуфта-гуфта пеш меомад Мухтори ҳамсояш.
  • Ҳо, аз маслиҳати ту тарсида, ба ҳимояи ин санги меросӣ хестам.
  • Аз ман чӣ метарсӣ? Санги меросӣ гуфтанат чӣ маъни дорад? - якбора суолборон кард ҳамсоя.
  • Агар ба ду мошин сангу шагал ниёз дошта бошӣ, ҳамчун ҳаққи ҳамсоягӣ ёрдамат кунам. Не? Пас чаро ба янгаат маслиҳати бемаънӣ медиҳӣ?
  • Ҳамту дар омади гап назари худамро гуфтам, ки агар ҳамин харсанг бардошта шавад, ба ҷояш иморати барҳаво андохтан мумкин. Барои пойдевор аз худаш ду мошин сангу шагал мебарояд.
пешина
аз 208
навбатӣ