Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

миллат эътироф шавад, дигар моли шахсии ту ҳисоб намеёбад. Яъне, моли ҳама мешавад.

– Бигзор, шавад!

– Ба сарам як фикр зад, ҷӯраҷон. Чӣ мешуд, агар ман ба онҳое, ки барои табобат меоянд, гӯям, ки Санги лағзонак дар гузашта воситаи бозии кӯдакон набуд. Занҳои фарзандталаб се рӯзи одина дар он мелағзиданду ба ҳавзчаи поёни он даст меандохтанд. Ҳар чизе ба даст оранд, нишонаи ба мақсад расидан ҳисоб меёфт. Масалан, мӯҳрае, тангае, сангчае... Бовар дорам, ки дар андак вақт аз ин ҳамкорӣ остонаи ҳар дуи мо аз зар мешавад!

– Ку, аз ҷоят хез, нимҷамуллою нимчатабиб! Ҳамин Санг мондааст, ки бадном накардай!..

Мухтори бахшӣ хандида-хандида бадар рафт.

Рӯзи истироҳат ба гӯши Зокири Хоҷа нидоҳои хурсандиомези тифлакон расид, ки пасу пеш ба фарқи Санги лағзонак мечаспиданду бонавбат ба поён мелағзиданд. Наберааш Фарангис, ки дар кӯдакистон ҳамроҳи ин тифлакон тарбият мегирифт, сармирӣ мекард. Пирамард қаноатманд рӯйи кӯрпачаи шоҳсуфа якпаҳлу зад. Ҷамшед як чойник чойи талх овард.


ДОСТОНИ МАНУ ИШҚИ ЛӮЛИДУХТАР

– Сақич, ӯсма, сурма, ҳино! Ҳо-о, усмаву сурма, ресмони ранга! Ба духтарон луфтакча, ба писарон сурнайча! Ҳо-о-о-о!!!– қию ции бачаҳоро пахш карда садо медод ҷӯгимарде. Ин, албатта, ҳамон ҷӯгиест, ки дирӯз бегоҳӣ зери чанори бузурги роҳи калон аробаи четандорашро боздошта, савдо мекард. Чандест, ки ман дар кӯчаҳо ба ин қабил савдогарон рост наомадаам. Пештар, вақти бачагиам, ҳамин ки зардолу аз шоҳаш

105 Четан – шиг, тавора, чапар, ки аз навдаҳои дарахтон сабадвор бофта, ба ҷойи девор истифода мебаранд.

пешина
аз 208
навбатӣ