Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Вале шабона модарамро ҳамроҳи як гурӯҳ зану мард ба мошин шинонданду маро не.
— Оча! Оҷаҷон! Мана мунда нарав, оҷаҷон!!!

Мошин ба роҳ даромад. Маро тағоям28 бардошта гирифт. Ман доду фарёд мекардам, дасту поча мезадам. Дигарон чӣ мегуфтанд, намедонам. Аммо тағоям, ҳамон тағойи бузургҷссаву базардаам, ки аз ҳайбаташ хурду калон мехаросиданд, сару рӯйи маро бӯсаборон карда, илтиҷоомез мегуфт:

— Духтари асали тағош, қанди тағош, дӯстрӯяки тағош, гиря накун, — вале чашмони ҷаззобаш гӯиё ба тоси хун табдил ёфта буданд, овозаш меларзид. Ҳайрон шудам. Магар ӯ ҳамроҳи модарам рафтагӣ буд? Набурдандаш? Наход, ҳамин тағойи пурзӯри ман, тағойи тавонои ман, ки ҳама Абдулаҳади милиса29 омад, гуфта ба эҳтиромаш мехезанд, дар қатори киёнӯкар30 арӯс бурдан мехостаасту ун хасису бахилон ҳамроҳ нагирифтаанд? Ба тағоям раҳмам омад. Ва аз ду рухсораи базебаш бӯсидаму гуфтам:

— Ҳеҷ гап не, мо сонӣ мерем.
Тағоям табассуми ширине кард. Ман хурсанд шудам, ки ӯро ором карда тавонистам. Ва ба даҳонаш ҳалвои пашмак андохтам. Вай ҳам даҳони маро ширин кард.

— Боракаллоҳ, ширини тағо!..
Модарҷон, намедонам, он рӯз оғози худшиносии ман буд ё давоми ғуссаҳои беинтиҳои ту?

Модарам, модари ҷафокашам! Иҷозат фармо, ман туро қиблагоҳӣ гӯям. Маранҷ аз ман. Охир, ман рӯйи гарми падарро надидаам. Сари китфони васеяш начаспидаам. Пеши кӯдакон аз тавоноиаш бо фахр ҳикоят накардаам. Ӯро ба дукони луфтакфурӯшӣ31 кашида набурдаам, бо ноз бозичаҳои дилхоҳамро талаб накардаам.

28 Тағо (тағоӣ) — додару бародари модар, дойӣ.
29 Милиса аз вожаи “милиция”-и русист, яъне, пулис, шаҳрбон.
30 Шаҳнӯкаронро дар Сӯх киёнӯкар гӯянд; киё — подшоҳ, султон, ҷаноб, маҷозан домод (шаҳ). Ин вожаи форсии тоҷикӣ дар забони ӯзбакӣ шакли киёв ё куёвро гирифтааст.
31 Луфтак — лухтак, арӯсак, луҳбат.

пешина
аз 208
навбатӣ