Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ба ҳоли ронандаи зӯракӣ хандаам омад. Хайр, мошини ҷӯгиён тамом шуда бошад, ронанда чӣ лозим? Нағз шудааст.

— Тайлоқ ҳоло шогирди як мулло. Муллои девбанд шуданӣ, аммо каллааш хом.

Хандаам гирифт.

— Чаро вай хондани туро намехоҳад?

— Дилакаш, ки тезтар хонадор шавад.

Духтарак асабиёна ба ҷарӣ сангча ҳаво медод.

— Ту ӯро намехоҳӣ?

— Намехоҳам, ки зиндаву мурдаша ба дӯш бигирам. Одам барин зистан мехоҳам. Чува мо, лӯлиён наметавонем, ки ҳалол меҳнат кунем, рӯзӣ ёбем, ба каси дилхоҳ ишқ варзем, комёб гардем, ба мақсад бирасем?! Чува ҳанӯз мо, занҳо бо асову хӯрчин дарбадар гардем? Чува мардҳоямон худҳошна ба корҳои сабук зада, аксаран мурдашона ба гардани занҳо мепартоянд?! Аз чӣ аз байни ин қавми, бо қавле, накбатзада одамшавандае, олиму доное намебарояд?! Ҳама бо чашми кушода кӯранд?!

Истам гоҳ ба худ меомаду файласуфвор фикр меронд - рӯзгори азалии қавмашро бемаънӣ мехонд - хуни тоҷикиаш ҷӯш мезад; гоҳ аз худ мерафт, сойро сангборон мекард, каси номаълумеро ҳаққорат медод - раги ҷӯгигиаш мекашид. Оқибат ором шуд. Мо аз ҷой хестем ва оҳиста-оҳиста ақиб гаштем.

— Истам, фаҳмидан мехостам, ки ту набераи духтарии Нозуки фолбин ҳастӣ ё набераи писариаш?

— Ба ту чӣ фарқ дорад?

— Ҳамту... Медонам, ки Нозук аз косатарошони Андиҷон буд, аммо падарат амакбачаи Тайлоқи қапчугайӣ будааст.

— Худат дар факултаи лӯлишиносӣ мехонӣ магар?— чеҳраи духтар кушода шуд.

— Агар ту дар донишгоҳ хонию олиму доно шавӣ, чунин факултаро асос хоҳӣ гузошт.

— Пас, ин маълумот ба ту аз куҷост?

пешина
аз 208
навбатӣ