Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
— Чаро? Магар байни лӯлиён хуни тоҷикӣ доштан айб ҳисоб меёбад?
— Гап дар сари ин ҳам не. Гап дар он ҷост, ки намехоҳам аз паси ҳунару истеъдоди худододи каси дигар, агарчи вай модаркалони ман бошад, сарфарозӣ кунам. Модарам ҳамеша инро таъкид мекунад. Вагарна нағз медонад, ки дар ин воҳа модарашро хуб ба ёд доранд. Вақте ба ин ҷо омадем, модарам гӯфт: «Ҳарчанд хурд будам, аз ин ҷо хотироти зиёд дорам. Мо чанд сол муқими ин деҳа будем, ки раиси колхозаш Бобо Калон ном дошт. Хонае, ки мо мезистем, дар шафати масҷид буд. Модарам бо кадбонуи он хонадон аҳди хоҳархондӣ дошт. Аз миён солиёни зиёд гузаштааст. На модари ман барҳаёту на хоҳархонди вай. Бо гуфте, калон шуданд хурдако, ҷудо шуданд хешако. Имрӯз мисли солҳои ҷанг кӣ ҷӯгиҳоро эҳтиром мекунад? Он солҳо бадбахтии ба сари кишвар омада ҳамаро яктану якҷон карда буд...»
Сонӣ... медонӣ, Шарифҷон, боз...
— Барои чӣ забон мехоҳӣ? Чӣ гуфтан мехоҳӣ?
— Гуфтаҳои маро ба ҳеҷ кас нагӯй, фаҳмидӣ? Агар ба гӯши падарам расад, хафа мешавад. Чунки ба мо калонтарамон ҳамеша таъкид мекунанд: «Худатонро ба бегонаҳо пурра шинос накунед, нагӯед, ки аслан аз куҷоеду номатон чист. Агар байни худатон аз ягон сирри ҷӯгиён гап заданӣ бошед, бо лафзи хоси худамон гӯед, ки бегона пай набарад.»
— Падарат чунин таъкид мекунад?
— Натанҳо падарам. Таомул ҳамин хел.
— Пас Хоҷа Ҳофиз дар ин маврид ба иғроқ нарафта будааст:
Дилам рамидаи лӯливашест шӯрангез,
Дурӯғваъдаву қаттолвазъу рангомез.
Чӣ гуфтӣ, Истам?
— ...
— Мана, чодири шумо ҳам намоён шуд.
— Шарифҷон...
— Чӣ мегӯйӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё