Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Садои зангӯлаҳо

  • На ину на он!- раги якравиам он лаҳза воқеан таранг шуда буд.
    Ваҳ! Шӯре бархост!
  • Номаъқул кардӣ! Агар ин тур, худам ҳал мекунам. Нест мекунам ту барин расворо!!!
    Вай анбӯри панҷаҳояшро ба гулӯям андохт.
  • Додош! Девона шудед-чӣ?! Ҳумор, дав, тағота чеғ зан!

Дергоҳ вассашуморӣ кардам. Майнаам равшан намешуд, вале ба ҳар ҳол, ман зану шавҳарро мефаҳмидам. Ба қавли янгаам, онҳо як пора гӯштро шири даст дода калон кардаанд. Ояндаи маро бетараф нестанд. Онҳо ҳам фалсафаи худро доранд, охир. Аз гапу калоҷаи мардум метарсанд.
Бародарам ба номи модарам қасам хӯрд, ки ин корро ҳамту намемонад.
Оҳ, модар! Модарҷон, ман туро дар хотир надорам, аз навозишат баҳра набурдаам. Мегӯянд, модар - силаи меҳр асту дилаш пахтавор нарм. Фарзандро бо ним нигоҳ мефаҳмад. Агар ту барҳаёт мебудӣ...
Ман кистам? Дар ин хонадон кӣ меҳисобандам? Узви комилҳуқуқи оила ё фармонбардоре? Чаро бо иродаи хеш коре карда наметавонам? Бо дилхоҳе чор даҳон дарди дил кардам, чӣ шуд? Ба андешаи «шири даст»-е, ки наздикон додаанд, то кай аз хати кашидаашон набароям?
Истам... Ниҳоят ниёзманд аст. Вале ман бо ин сохту суммот орзуятро шикаста наметавонам. Заифам. Урфу одати куҳан поямро ишкел аст. Ман ҳоли туро мефаҳмам, аммо нодида мегирам. Пас, чӣ тур ҷавонмардам? Охир, Саъдии бузург ҳикмат карда, ки: «Банӣ одам аъзои якдигаранд».


«- Ниҳоят меравӣ?

  • Бале.
  • Фаромӯш намекунӣ?
  • ...
пешина
аз 208
навбатӣ