Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

гӯшаву канори пойтахт нуру зиё меафканад. Зарраҳои барфи лаклакӣ чун алмоспораҳо медурахшанд...


ТУҲФАИ ИДОНАИ НАБЕРААМ

Дорои доною калонгирро (намегӯям, ки худдонам аст) ғайричашмдошт хоҳиши суҳбати хос бо модаркалон пайдо шуд.
– Бибиҷон, ба муносибати Рӯзи модарон ба Найсон (яъне, ба холадухтараш, ки ҳар ду ҳамсинфанд) як лухтакчаю як қуттӣ ширинӣ туҳфа кардам.
– Хеле хуб кардӣ. Ба ӯ туҳфа маъқул шуд?
– Ҳо, вай худаш лухтакчаи духтарча мехост.
– Ҳммм...
– Намедонед, ки модарам чӣ рангеро дӯст медоранд?
Ҷавоб додам. Боз рангҳои дӯстдоштаи дигаронро аз ман фаҳмида гирифту гӯё дар омади гап илова кард:
– Худатон аз чӣ ҳадяе шод мешавед?
– Мехоҳӣ, шод шавам? Хӯрокатро хӯру косаатро шӯй, ҷони бибӣ.
– Хуб, мехӯрам ва топ-тоза мешӯям! – чеҳраи Дороҷон шукуфт ва дарзамон аз коғазаки рӯйи дасташ навиштаеро хат зад. – Шумо дили одамро чӣ хел мефаҳмед...


АФСОНА БАРОИ «ХУРДТАРАКОН»

– Бибиҷон...
– Ҷони бибӣ...
– Афсона гӯед.
– Афсонаи «Дегча»-ю «Бузаки чингилапо»-ю «Лаку Пак»-ро сад бор гуфтамат.

пешина
аз 208
навбатӣ