Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
диданд. Сунҳори покдоман ба Офаридгор нола мекунад, ки «Эй Худои раҳмону раҳим, шармсор накун, наҷотам деҳ, то ба дасти бадкорон наафтам, то барои ҳамеша покизаву ҳалол бимонам!» Ва бод меғурад, барқ медурахшад, замину замон ба ларза меояд. Се бонуи хушрӯю хушнафс санг мебанданд. Се рухи пок ба Ҳақ мепайванданд. Чиҳил роҳзан аз ин ҳол ба даҳшат афтода, ақл бохта, сар ба харсангҳо мезананд, пора-пора мешаванд, сангреза гардида, чошу пош мехӯранд.»
Ҳаво ғуборолуда буд, бӯйи барф мекард, шамоли изгирин ба сару рӯй сӯзан мезад, баданро меларзонид. Дилам ба ҳоли се санги одамшамоил, ки воқеан, аз дур шабеҳи се бонуи фаранчипӯш буданд, месӯхт. Он яке, ҳамоне ки дар миёна буд, нисбатан баланд, дуи дигар ба андозаи қади дӯшизагони даҳ-дувоздаҳсола буданд. Ман тозон пеши Санги арӯс рафтам ва пайкараҳоро даст-даст карда дидам. Дасти муъҷизакори табиат аз харсангҳои одию кӯҳӣ аҷаб ҳайкалҳое офарида. Ва мардуми хирадманд чӣ номи зебандае дода. Номи санг муқаддамтар аст ё ривоят? Ва ин қиссаи мардумӣ чӣ қадар умр дорад?.. Ин андешаҳо ҳозир аз сари ман мегузаранд. Аммо модарҷон, вақте ки ту ҳикояти Санги арӯсро мегуфтӣ, ман онро ҳаргиз бофтаи мардумӣ намешуморидам. Дар баробари нақли ту ман он манзараҳои пур аз шодиву сурур ва он саҳнаҳои пурдаҳшатро на танҳо бо чашми хеш медидам, балки дар он корзор иштирок мекардам, баробари арӯси ноком аз Кирдигор ба худ марг мехостам. Вале ман ба он манзара аз дариҷаи хоси хеш ворид гашта, ба воқеаву ҳодисот аз рӯйи хости дилам тағйирот медаровардам, саҳнаҳои нофораму нолозимро метавонистам ботил созам ва корро ба хости дилам анҷом диҳам.
Дар ангораам арӯс ту мебудию ҳамраҳони ту - ману хоҳарбузургам. Туро аз Сӯх ба Риштон мебурданд. Бо хости худат не, чунки ҳамеша тақдиратро дигарон ҳал кардаанд. Ту гирёну нолон меравӣ, аммо қофила рақсу бозӣ мекунад. Ҳама чунин мепиндоранд, ки Анушаи соҳибҷамол аз толеи бедори хеш ризо асту ашки шодӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё