Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ба ёдам ҳаст: Дар замони Шӯравӣ аз обоёни баландмартабаи хеш гуфтан боиси ифтихор набуд. Ҳама кӯшидем, ки дар шарҳи ҳоламон худро «аз оилаи деҳқони камбағал» нависем, зеро моро чунин тарбият мекарданд ва мо намехостем «унсурзода» бошем. Аммо як воқеа боис гардид, ки ман ба масъала бо чашми дигар назар кунам. Хонандаи синфи 7 будам, ки ҳамчун аълохони мактаб маро барои қабул шудан ба сафи комсомол тавсия доданд. Дар қатори чанд нафар тавсияшудагон ба ҳавлии идораи минтақавии комитет ҳозир шудем. Моро ба навбат ба дарун хоста, саволу ҷавоб мекарданд. Навбат ба ман расид. Даромадам. Се нафар бо қиёфаи ҷиддӣ менишастанд. Ду нафарашон ношинос, ба фикрам, аз «идораи боло» буданд, як нафарашон дӯсти тағоям ако Аббос Мирзоҷонов буданд, ки ман қариб ҳар рӯз медидам. Баъди салому алек яке аз ношиносон аз ман талаб кард, ки шарҳи ҳоламро гӯям. Бо лаҳни бурро сар кардам: «Ман Эшонҷонова Марям Муқаддамхоновна 11 ноябри соли 1956 дар деҳаи Ровон зода шудаам. Пайдоиши иҷтимоии волидонам аз оилаи деҳқони камбағал аст...» Саволи дигарро мунтазир будам, ки ошнои тағоям корро расво кард. Ӯ бо лабханд гуфт: «Хоҳарам, шумо духтари муаллим Муқаддамхон Эшонҷонов нестед? Магар он кас фарзанди деҳқони камбағал буданд?» Зери обу арақ мондам. Ако Аббос ба шариконаш рӯй оварда саволи ба ман додаашро шарҳ дод: «Падари ин хоҳарамон яке аз муаллимони саршиноси таърих буданд.» Ман ҳам ором наистодам: «Ман дар муҳити хонаводаи бобои Мулло Ҷалолам ба дунё омадаву тарбият ёфтаам, аз ин рӯ...» «Ба ҳар сурат, пайдоиши иҷтимоии бобои Мулло Ҷалолатон ҳам «деҳқони камбағал нест. Бо сари баланд гӯед, ки шумо аз хонадони зиёиёни асилед!» Таппиши дилам оҳиста-оҳиста ба мароми аслиаш баргашт. Он рӯз билети комсомолӣ дар даст сӯйи хонаи бобоям парвоз кардам. Тағои Абдулаҳадам, ки кишти ҳавлиро об медоданд, табрикам карданд.

пешина
аз 208
навбатӣ