Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Қудрату тавонам рафтан дорад. Зӯр мезанам, ки манзара дигар нашавад. Вале ҳайҳот... Мебинам, суроби хоҳарбузургам, ки ба остонаи хона пой мениҳад, лаҳза ба лаҳза хира шудан мегирад. Ва ман чашм мебандам, то воқеият санг бандад. Ман ҳамон сон, ки сар ба синаи модар гузошта будам, то абад бимонам. Бигзор, беҳис бошам, берӯҳ бошам, вале дар ҳамин ҳолат бимонам. Ва ин вазъ ҳаргиз тағйир напазирад.

Зангӯлаи дар боз садо медиҳад. Аз ҷоям намеҷунбам. Боз... боз!!! Кист?! Кист, ки оромам намегузорад? Худоё, чаро касе раҳми маро намехӯрад? Намимонад, ки хумор шиканам, санг бандам.

Ақлу ҳушамро ғун кардан мехоҳам, то ин манзараи ширинро аз каф нагузорам, балки ба абадият табдил диҳам. Аммо зангӯлаи дар боз садо медиҳад ва ин дафъа бардавом.

Ман худро ба тундӣ паси дарвоза мерасонам. Башаст онро мекушоям. Садо қатъ мегардад. Вале пушти дар касе нест. Кӯча орому сокит. Фақат тоҷирбачаи кӯчаи мо, ки тамоми дороиаш рӯйи як мизи майдаро пур намекунад, зери ниҳоли олучаи пургул бо умеди харидорест.
– Кӣ ба хонаи мо омада буд, бачаҷон?
– Ҳеҷ кас.
– Ту кай берун баромадӣ?
– Ман аз субҳ ин ҷоям.
– Аз субҳ мегӯйӣ?

Худро зуд ба ҳавлӣ меандозам. Аҷабо, модарам ку?! Кӯрсӣ... Охир, ин курсӣро ман барои ӯ гузошта будам. Ку модарам? Ку?! Ку?!!! Охир, ин руъё набуд! Ман воқеан сар ба синаи нарму рӯҳбахшаш гузоштам! Аз бӯйи хушаш шамидам! Лаззат бурдам! Ва ҳатто, тарсидам, ки ин лаҳзаву манзара ба сони ҳама лаҳзаҳои даргузар маро тарк гӯяд. Ман сар дар синаи модар санг бастан мехостам! Ҳатто, агар ба нархи ҷонам мебуд, ризо будам. Кош, дар ҳамон ҳолат карахт мешудам, ба ӯ мечаспидам ва мо тавъам мешудем...

пешина
аз 208
навбатӣ