Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

болин сар бардорам, нашуд. Дубора чашм пӯшидам. Баъди чанде боз садои зангӯла баланд шуд. Боз... боз... Коҳилона аз ҷой хестам... Ва дарк кардам, ки ин садои зангӯлаи дар аст. Шиппакро кашолакунон то таги дар расидам.
– Кист?

Дар ҷавоб занги дар болои ҳам садо додан гирифт. Калидро тоб додам ва боэҳтиёт дарро кушодам. Не, ҳанӯз дарро накушода будам, ки дилам ширин ларзид. Кист, ки дари кулбаи эҳзони маро мекубад? Оё ба хотири касе расидам?

Ман ба рӯйи ояндагон чашм намеандохтам. Фақат домани пироҳану пойафзори эшонро медидам. Онҳо се нафар буданд. Худро ақиб кашидам ва бе сухан ба ҳавлӣ хондамашон. Ҳанӯз намедонистам, ки меҳмонони ман кистанд. Қалбам ноором метапид. Воқеан, омадагон ҳама зан буданд. Бонувоне гуногунсол. Ман инро аз сабки либоспӯшии онҳо эҳсос кардам. Яке кафшу масҳӣ ба пой дошт у ба тан пироҳани хеле дарозу васеъ аз чити сафед. Чити сафеди гулдор. Аз дил гузаронидам, ки ин тарзи либоспӯшии занони солори зодгоҳи банда аст. Ба ёди модарам дилам гум зад. Худро маҷбур сохтам, ки сар бардорам ва соҳиби куртаи майдагулро модари хеш бубинам. Нигоҳам оҳиста-оҳиста боло лағзид. Инак, остинҳои дарозу васеъ, ки ангуштони дастро қариб батамом пӯшидаанд, камзӯли сиёҳ... ва ниҳоят, сурати ӯ... Худоё, ин модари ман аст! Модари ман, ки аз вуҷудаш нур меборад ва нигоҳи ғамгин ба рӯям меандозад. Яке аз меҳмонон хоҳарбузурги ман аст, савумиро нашинохтам. Вале ман ба дуи онҳо таваҷҷуҳ намекардам. Модарам ба зери дарахти хурмо мегузарад, ман барояш курсӣ меоварам. Гиристан мехоҳам. Сар ба синаи нармаш мегузораму сахт канораш мегирам. Бӯй мекашаму оби дида мерезам. Аз шодӣ оби дида мерезам? Ашки ҳасрат аст ин. Гиряест олудаи тарс. Меандешам, ки ин воқеият бошад ва ё маҳсули тахайюли ман. Аз чӣ бошад, ки дигар худро идора карда наметавонам. Яъне, ин лаҳзаҳои ширингро дигар наметавонам мувофиқи хости дил идома бидиҳам.

пешина
аз 208
навбатӣ