Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Духтари қадраси хонадон арғамчинро ба боғи ҳамсоя бурда, дар шохи баландтарини зардолу арғунчак андохтааст. Дӯшизагони бебок бонавбат бод мераванд. Онҳо баланди баланд ҳаво мегиранд, бо шӯру қиём қию чӣ мекунанд, хандаи беғашашон ба атрофу акноф паҳн мешавад. Ин нидоҳои шодиёна ба гӯши ҷавонони навхат мерасад ва онҳоро шавки тамошои дилбарони рӯйкушода ба паси чапаридевору болои бому бомгӯшаҳо мекашад. Рафтори онҳо дар айёми Наврӯз ноҷо ҳисоб намеёбад. Зеро дӯшизагону навҷавонон дар чунин рӯзҳо соҳибихтиёранд. Ҷавонони беқасабпӯш дар бағал туҳфаҳо доранд. Аз миёни духтаракон дилҷӯеро интихоб карда, ба воситаи кӯдакон ҳадяи хеш мефиристанд. Агар хушкардаашон армуғонро қабул кард, донед, ки то Наврӯзи оянда чанд оилаи нав барпо хоҳад шуд. Ҳо, ана, духтари Бобои боғбон низ як себи бечурми намангонӣ туҳфа гирифт, ки дили ошикро ба хотир меоварад. Ин ҷавони сабзизаи салласаҳоб худро ба ғуломии ин нозанини беназир супурд! Мувофиқи таъомули аҷдодӣ, волидайн ҳаргиз хоҳиши хостгоронро рад нахоҳанд кард, зеро андар дили муштоқи ин ду ҷавон ишқбун дар рӯзҳои Наврӯз шукуфтааст!

Аз ҷониби сайргоҳи деҳкада садои фалаксои карнаю сурнай, данг-бадабанги таблу доира ба гӯшҳо мерасад. Пиру барно ба базми Наврӯз мешитобанд. Пеш аз он ки дорбозони ҷасуру ҷусту чолок рӯ-рӯи расанҳо бо чашмони баста тозанд, ширинкорони шӯху ширингуфтор ба давра медароянд, ду ҷавони раққоси шириншамоил, ки лак-лаквор пойҳои дароз-дарози маснӯй доранд, қайроқҳои дасташонро шароққосзанон ҳунар менамоянд. Абзори бозӣ чунон маҳину дилкаш садо медиҳад: шақ-шақи шақ! Аз манораи масҷид ё сари калтути пир, ки лаклак - қосиди баҳор ошён гузоштааст, ҳамчунин садо меояд:

Шақ - шақи шақ!

Шақ - шақи шақ!!!

Яъне, Соли нават муборак! Соли нават муборак!!!

Имрӯз, ки маро хумори зодгоҳу айёми беғамиҳои кӯдакӣ гирифтааст, чашм мепӯшаму хаёлан тарона эҷод

пешина
аз 208
навбатӣ