Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Маркабам хари дигар буд,
Хӯю хислаташ дигар буд.
Чун саманди бодпо буд,
Маркаби ба ҷусса ХАР52 буд!
Ончунон азизу аъло,
Аз «Урал»53 бологузар буд.
Хорумолаш менамудем,
Тозаву зеби гузар буд.
Беда буду ҷав насибаш,
Кораш аз шӯра ҳазар буд.
Хӯрчинаш лаболаб аз бор,
Бори вай харвори зар буд!
Хирмани зар дидаӣ ту?
Чоши шолӣ дар назар буд.
Гарданаш хармуҳрае дошт,
Муҳрачамаш аз назар54 буд.
Маркабам харӣ намекард,
Доимо ҳушаш ба сар буд.
Шаҳсавораш баъди бобом
Духтаре чун як писар буд!
Саркашиашро надидам,
Пас, фарашти55 ман гуҳар буд!!!


Ман аз аввал ба ту такя кардаам. Ту на танҳо модар, балки ба ҳукми падар ҳам будӣ. Неруе доштӣ, ки ҳатто мардони майдон надоштанд. Тири нигоҳат нишонрас, суханат кӯтоҳу бамағз, рафторат мардона буд. Ту аслан ҳамин хел зани мардсиришт будӣ ё вонамуд месохтӣ? Шояд зарбаҳои тақдир баътадриҷ чунонат карда буд, ки ҳатто мардон дилу гурдаи ба ту пасту баланд гуфтан

52 Маънои луғавии вожаи “хар” “калон” бошад.
53 Сечархаи тағоям тамғаи “Урал” дошт.
54 Манзур чашми бад аст.
55 Маркаби бохушу гаправу беозор.

пешина
аз 208
навбатӣ