Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

табарбадастони замон дар баробари марзу буми мо равони моро низ пора-пора кардан мехоҳанд. Э, войи мову ман! Э, хок бар сарам!

Оҳ, хумори дерраси кӯҳистони Сӯх мегирадам! Чашм мепӯшаму худро дар зодгоҳи биҳиштосям меёбам... Сарлучу пойлуч аз пайи бузу бузголаҳо ба доманаҳои кӯҳи Ровон метозам, ки Сари Гардан номанд. Даста-даста гули настарани кӯҳӣ мечинам, ки гузаштагон вагнич хондаанд.

Ман он айём ҳаргиз аз фалсафаи маргу зиндагӣ намеандешидам. Ҳаёт якмарому якнавохт ва беохир менамуд. Гумон мекардам, ки манзараҳои дилфиреби ин деҳи кӯҳӣ то интиҳои интиҳо, ҳамон сон ки ҳаст, мемонад. Модаркалони пажмурдачеҳраи ман ҳам фарди бемарг менамуд. Зеро аз он даме ки худро мешинохтам, мӯйҳои сап-сафед дошт, вале ҳамвора рӯйи ҳавлӣ ҷунбуҷӯл мекард. Гоҳо ба танаи себи намангонӣ такя зада менишасту овоз меандохт. Овозандозии ӯ дебочайи аҷиб дошт:

— Ҳик-ҳик-ҳик... — ва як нафаси бадарде дарун мекашид, ки гӯиё аз гиряи зиёд ҳалмаш пухта бошад. Сипас, ҳатман бо чунин суханҳо навҳа оғоз мекард: — Ҳаргиз будӣ ё набудӣ? Бо мурдаҳои ҳазорсола баробар шудӣ...

Шояд чор ё панҷ сол доштам, ки тарзи овозандозии бибиамро азёд медонистам. Ҳарчанд ҳамеша бо як сабк менолиду марсияаш обшуставу кӯҳна мебуд, гоҳ-гоҳе байти бароям наве низ илова менамуд, ки хушам меомад:
Барфу борон жола кард,
Ҳамронисо нола кард.
Сад ҳайфи марди барно,
Аз санги хоро хона кард.

— Бибиҷон, — аз остинаш мекашидам ман, — ҳамин байта такрор кунед.

Ӯ бе он ки ба ман эътибор диҳад, «ҳик-ҳик-ҳик» мекарду боз он чизеро мегуфт, ки табъи дили худаш буд.

— Ҳой, бибӣ, охир, аввалангиша хонед!

пешина
аз 208
навбатӣ