Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
ШеърАдабиёт
Аз аввал хондантагоям нахустфарзанди бобову бибиам нест. То ин ки вай рӯйи дунё шавад, валидонаш ҳашт фарзанд ба хоки хунук супоридаанд.
- Ба тагоят то ҳафтсолагиаш либоси нав напӯшонидем. Нахуст аз ҳафт дар ҳафт пора карбос талбидему ҷомаи гадойӣ дӯхтем. Ба сари китфи ҷомача «хӯрчинак»-е овехта, дар ду сари он муҳраи чашм дӯхта мондем. Сарашро ба ҳафт мазор ниёз кардему ҳафт ҷондорро хун карда, кокулҷаҳои ниёзиашро қайчӣ занондем. Ба бачаи гадоии мо занҳои сербача либоси куҳнаи фарзандҳоҳона оварда мепӯшонданд. Куртаву эзори Абдулаҳад ҳамеша дарбеҳ болои дарбеҳ дошт. Бо он ҷомаи гадойи нозпарварди ҳама буд бачам. Ҳарчанд меҳри беандозаамро нишон додан намехостам, ӯ ҳанӯз аз хурдӣ қадру манзалати худро медонист: гапашро на танҳо ба додару хоҳоронаш мегузаронид, балки кӯдакони маҳалла аз хати кашидааш берун намебаромад...
Барои ман аз давраи кӯдакии тагоям ҳисса шунидан чӣ қадарҳо мароқангез буд. Тагойи ман ҳоло ҳам шахси обрӯмандтарини ин тактак аст. Вале бачагии вайро бо либоси ҷилдарбеҳаву ҷомаи «хӯрчинак»-дор тасаввур мекардаму хандаам мегирифт. Аҷоиб, кӣ гумон мекард, ки ба сари китфони «хӯрчинак»-дор рӯзе ситораҳои ҷилодор мешинанд, ҳамели тӯмору муҳраҳои чашмро нишону медалҳои қатор-қатори ҳарбӣ иваз мекунанд.
- Вай дар бозиҳо сарвару сармири ҳамқадонаш буд, - гапашро давом медиҳад бибиам, - охир, бачаи гадойии оча дар баробари бофаҳму фаросат будан аз ҳамсолонаш дар қаду баст ҳам як сару гардан болотар меистод. Ҳанӯз чаҳордаҳсола набуду мегуфтӣ, ҷавони ҳафдах-ҳаждаҳсолае бошад. Ман ӯро ба осмону замин бовар намекардам, болои ҷонаш ҳафтларз будам. Охир, барои падару модари ҷигарсӯхта, ҳатто, фарзанди баркамол ҳам кӯдак метобад. Он вақт-ку Абдулаҳад ба ҳукми гул буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё