Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
Ана, ҳамин тавр, ба номи тағоят «повестка» омад. Зану шавҳар то субҳ хоб нарафтему чораву тадбир ҷустем, вале ҳеҷ роҳи наҷоти бачаро наёфтем. Оқибат ба хулосае омадем, ки ба писар нафаҳмонда, бояд падараш ба ҷойи ӯ аскарӣ равад. Вале дар комиссариати ҳарбӣ касе гапи бобоятро гӯш намекунад. «Шумо одами ба ақибгоҳ даркорӣ, бесабаб «брон» нашудаед, аммо писаратонро нигоҳ доштан ҳеҷ мумкин нест»,— мегӯянд онҳо. Мазмун, тану тӯши хузарби тағоят назари комиссарони ҳарбиро ҳам фирефта буд. Хуллас, бобоят малулу хастаҳол ба хона баргашт.
Бачаи гадойии мо ҳамон вақт ҳам пойафзори дурусте надошт. Мӯзаи кӯҳнааш ҳафтдарбеҳа буду боз ҳафт сӯрохии дигар ҳам дошт. Бе он ки бачаро аз воқеа огоҳ созем, боз як шабро ба субҳ пайвастем. Ва саҳарии тоза Абдулаҳадро фармудем, ки мӯзаашро пеши куҳнадӯз бараду бетаъхир бозгардад. «Ба кори саҳро дер мемонем»,— баҳона пеш овард бобоят.
Аз афти кор, даъватномагирии мову бехабарии Абдулаҳад дар деҳа овоза шуда будааст, ки кафшгари пир кори дасташро як сӯ монда, мӯзаи тағота дарбеҳ мекунад. «То он ки ман дӯхта шавам, эрмак карда шин» гуфта, ба пеши бача як табақи чӯбӣ қоқи зардолу мемонад. Мӯйсафед корро анҷом дода, сар мебардораду беихтиёр қоҳ-қоҳ зада механдад.
– Чӣ гап? – мепурсад тағоят, ки машғули ғӯлингҳӯйӣ буд.
– Ҳеҷ, – мегӯяд пири рӯзгордида ва оби дида мерезад.
– Бибиҷон, бигӯед, ки чаро мӯзадӯз бесабаб хандида, сониян гиря ҳам кардааст? Ӯ сиҳат набудааст магар? – ангушти ишоратиамро ба чакаам тоб додам ман.
– Не, барраҷон. Мӯйсафед пирамарди бофаросате буд. Дар аввал чашмаш ба тарзи ғӯлингхӯрии тағоят

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё