Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

хушдоман баробар нур гирифта буд. Ҳама ба он луъбатаки зебо бо ҳавас менигаристанд. Пиру кампир чун кӯдак ба меҳмони нав итоат мекарданд. Мардум ҳам беихтиёр дам ба дарун гирифта буданд. Ниҳоят, арӯс ба Усмиддин имо кард ва дастгоҳи аккосӣ «чирикқӣ» овоз баровард. Ҳозирон нафас рост карданд. Ва ҳама аз паси соҳибхонагон ба ҳавлӣ даромаданд. Садову нидоҳои шодмонӣ баланд шуданд. Амаки Ҷӯра гӯспанди думбакалонро аз огил кашида баровард. Холаи Кубро табақи барчошро холӣ кард. Мардум - пиру барно баробари кӯдакон қанди коғазпечу мағзу мавиз мечинданд, шодиву хурсандӣ мекарданд. Яке чашми холаи Кубро ба хоҳарзодааш Маъруфи базарда афтод, ки ин саҳнаи шодмониро бо хандаи тамасхромез наззора мекард. Мадори занак хушк шуд. Мардум зуд ҳолатро пай бурданд ва дам ба дарун гирифтанд. Амаки Ҷӯра, ки корд аз ғилоф кашида буд, дигар ёрои ҷунбидан намекард. Арӯсак ҳайрон шуд. Бо нигоҳ такягоҳаш - шавҳарашро меҷуст. Вале аз Усмиддин нишоне набуд. Яке яхи вазъиятро касе шикаст:

  • Иди суда, пажалуста домаба. Ҳо, домаба пажалуста кун. Эта твой дом. Захади. Шарм накун, даро. Даро, ҷони апа!

Арӯси лолу ҳайрон аз паси ҷавонзане, ки дастонашро дошта буд, ба хонаи ороста даромад.

  • Я - Анзурат, холадухтари Усмиддин. Вай мана «апача» мегӯяд. Мо, сӯҳиҳо, сестрая «апача» ҳам мегӯем. Ту хоҳӣ, «апа» гӯй, хоҳӣ - «апача». Мне безразнитса. Ҳа, гуфтагӣ барин, номат чӣ? Чиба китфонатро дарҳам мекашӣ? Незнаеш? Чӣ хел незнаеш? Ман - Анзурат, твой муж - Усмиддин. Ин духтари ман - Марям. Ту-чӣ? Номи ту чӣ?

Ниҳоят арӯси нав матлаби ҷавонзанро фаҳмид ва бо табассум гуфт:

  • А я - Валя...
  • Валия гӯй, чӣ хел номи хушрӯ. Номи бамаънии Валия. Як ҳамсояи мо Валӣ ном дорад. Ту - Валия. Бисёр нағз. Бештари номҳои мо душакла: Ҳамид - Ҳамида, Карим
пешина
аз 208
навбатӣ