Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
— Бибиҷон.
— Ҷони бибӣ.
— Уруси Андрей кист?
— Падархонди тағоят.
— Падархондашон Николай ном надошт?
— Ҳо, номаш Николай буд. Николай тағоят - Абдулаҳадро Андрей меномид. Ун солҳо аз забони Николай ӯро колхозчиҳо, рафта-рафта ҳама аҳли деҳа Андрей мегуфтанд ва падархонди Абдулаҳадро уруси Андрей меномиданд. Тағоят Абдусалому Бобомӯсо ва модарат Николайро уруси аком мегуфтагӣ шуданд. Ба Николай ҳамаи ин номҳо маъқул буданд. Вай зуд забони моро омӯхт. Бо тоҷикӣ ширин ҳарф мезад. Ҳарчанд дар синну сол аз ману бобоят ҳамагӣ даҳ-дувоздаҳ сол фарқ дошт, шояд аз рӯйи меҳр ва шояд дар тақлид ба Абдулаҳад ба ман «оҷа», ба бобоят «додо» гуфта муроҷиат мекард. Мо ҳам ӯро чун фарзанди калони хонадон медонистем. Аҷаб ҷавонмарди хушрӯву хушфеъл буд уруси бачам.
— Дасту рӯяш доғи захми сӯхта дошт-а?
— Ҳо. Бо вуҷуди ин уруси ситорагарм буд. Дар майдони ҷанг захми сӯхта бардошта будааст. Абдулаҳаду Николай аз користону азобҳои ҷанг ба ман ҳиччӣ намегуфтанд. Ман аз қиссаи дӯстии онҳо сонитар, вақте бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар газетаи марказӣ мақола чоп шуд, огаҳӣ ёфтаму ба уруси бачам меҳрам як бор даҳ афзуд. Воқеан, дар ҳамон мақола навишта шуда буд, ки миллати Николай урус нею украин будааст. Бо вуҷуди ин ман ӯро уруси бачам мегӯям. Одат кардаам, охир. Николай баъд аз ба Урусия кӯчида рафтанаш дар газет аз саргузашти ҷангиаш, аз ҷасорати писархондаш Андрей - Абдулаҳади ман, ки дар яке аз муҳорибаҳои шадид ҷонашро ба гарав монда, ҷони Николай Василевич Пашенкоро харида будааст, навиштааст. Дар он мақола ману бобоятро ҳам бо некӣ ёд кардааст,– гуфтори модаркалон каме оҳанги ғурур пайдо мекунад,– Ҳамон мақола боис шуду аз мактаби олии милисаи шаҳри Томск

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё