Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
— Нағз. Мо аз деҳаи Тил Солеҳҷон Олимов ном қаҳрамони дигар дорем. Ҳоло дар Ҷиззах будубош дорад.
— Дар бораи ӯ аз муаллими таъриҳамон шунидаам. Гӯё Солеҳҷон Олимов вақти ба Рейхстаг парчам бардоштани аскарони Шӯравӣ иштирок карда бошад.
— Чиба «гӯё» гуфта ба гапи муаллимат шубҳа мекунӣ? Дар ин маврид устодат дуруст гуфтааст.
Ин суҳбат боис мегардид, то ман ба чеҳраи модаркалонам аз нигоҳи дигар назар андозам. Ба хотир меоварам, ки пештар бибиамро як зани бесаводу дунёбехабар мепиндоштам. Шармам омад. Ва худро дошта натавониста, беихтиёр ӯро ба оғӯш кашидам.
— Дар пеши потон мурам, бибиҷони хонсоракам!
— Эъ, эъ... Ин ту нагӯй. Ман хоки пойи шумо, набераҳоям, шавам, ки умрама дидагиям.
— То олам ҳаст, зинда бошед, — ҳис кардам, ки дили бибиҷонам хуш шудааст, вақтро ғанимат шуморида, бо оҳанги мулоимтар гуфтам, — он рӯз суханатон нотамом монда буд.
— ...?
— Мегуфтед, ки ҳама барои гусели тағойи аз воқеа бехабарам омада буданд...
— Хуб мана ба гап меандозӣ-а, бачам?
— Хайр, гӯед...
— Хуллас, ҳама аз воқеа бохабар буданду худи бача не. Дар ин миён аробаи вайенком ҳам омад, лекин касе ҷуръат карда ба Абдулаҳад чизе гуфта наметавонист. Яке чашми бача ба ароба афтод, ки дар рӯ ба рӯйи дарвоза қарор гирифта буду болои он ду нафар даъватшуда аз деҳаҳои боло менишастанд. Бача ҳамаашро фаҳмид. Пирони рӯзгордида бесухан ӯро ба оғӯш мекашиданду ба китфонаш тап-тап мезаданд. Аз ин ҳолат, ба хаёлам, Абдулаҳад олам-олам маъно меёфт: «Ҳимояи Ватан қарзи ҳар мард аст. Шукр, ки ту барвақт марди майдон шудӣ. Мо аз ту фахр мекунем, Абдулаҳад.»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё