Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
— Ин афсона давом надорад. Онҳо палавро хӯрданду ба муроду мақсад расиданд.
— Не, дилҷӯякойи бибӣ. Вай Дегчаи Пири Кӯса буд. Ин Дегчаи Кали Ёр. Ин Дегча як умр дегча намонд. Як Дегчае шуд, ки кирои дегча гуфтан. Духтараки калон шуд. Духтараки ҳайдаркокули химчамиёни ширинзабони зеби ҷаҳон шуд. Аз писари подабон то шоҳзодаи замон гирифтори Дегчаи мо шуданд.
Дегчаи зебо моҳ шуд,
Вай арӯсаки шоҳ шуд.
Ва оқибат ҳафт шабу ҳафт рӯз тӯйи бодабдаба барпо карда, мардуми ҳафт иқлима ош дода, Дегчаро арӯс карданд. Шаҳаш ба ном шаҳ набуд, ӯ шоҳзодаи ҳақиқӣ буд. Баъди ин Кали Ёру кампири вай азоби рӯзгор накашиданд. Дар сояи давлати духтару домодашон то охири умр дар роҳату фароғат буданд. Вассалом.
Аз он дам вақти зиёд сипарӣ шуд. Даҳҳо бор баҳор омаду рафт. Бибии фариштахӯйи ман ҳам кайҳост, ки ин дунёи пур аз ташвишро падруд гуфта. Ман дӯстдориҳои ӯр пазмон шудаам. Ёдам меояд, ки дар айёми навбаҳорон маро ҳамроҳ ба пудиначинӣ мебурд. Косаро ба дастам медоду шӯхикунон месуруд:
Духтарҷони ҳинонӣ,
Лаби чӯба шинонӣ.
Дасташба коса дода,
Хулбиҳоя чинонӣ.
Хуште, хуште,
Кокул бару пуште.
Доғи нағзакондора
Ишқаш мана куште.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё