Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

мо дар ривоятҳо, дар таронаҳо, дар афсонаҳо давом хоҳад ёфт. Офтоби умри мо боз субҳе аз нав тулӯъ хоҳад кард. Фарзандон рӯзе гарду хоки фаромӯшӣ хоҳанд афшонд. Аз умри рӯяку кӯтоҳи мо маънии жарфу дароз хоҳанд ёфт. Рӯзгори пуразоби мо сабаке барои бозмондагон хоҳад шуд. Ва онҳо ҳалқаи наве дар ин силсила хоҳанд буд...

Ноябри соли 2000

СИТОРАИ САҲАРӢ

Қабри ту, модарҷон, аз марқади маҳрумони дигар фарқ намекунад. Тӯдаи хок асту бас. Аслан, қабри ҳар як гузаштаи сӯҳӣ бенишон аст. Гӯрҳои оддӣ, бе сангҳои мармару катибаҳо.

Рӯҳи поки гузаштагон инро мебахшад, зеро равони мо чун дигар сарзамини камзамини тоҷикон дар миёни “чордевор”-и кӯҳистон “банд” гаштааст. Заминаш кам. Қабристони ягонаш чандин бор “нав” шуда.

Мегӯянд, ки ҳар пушти бобову бобокалонҳои мо дар ҳамин қабристон мадфунанд. Лекин ҳоло қабрашон яксони замини ҳамвор аст. Қабри бисёриҳо куҷост, касе намедонад, вале ёдашон дар дили ҳамдеҳагон мондааст.

Аз он рӯзи бароимон мудҳиши солҳо гузашт. Хоҳарам номи туро дар ҷисми фарзандаш зинда гардонд. Ва ҳар дами ғаму шодӣ дилбандаш бо ӯст. Вай кори сарае кард. Вале ин кам аст. Ман аз ин дилпур нестам. Магар ҷисми дигар бо ҳамномӣ ҳаёти гузаштаеро акс карда метавонад? Туро, модарҷон, ёдгории бузурге мебояд, ки сидқу вафо, меҳру муҳаббати бепоёнатро таҷассум карда тавонад. Онро ман мегузорам!

Дард намегузорад, ки хоб равам. Мехоҳам, то холӣ шудани дил бигирям. Вале аз гиря базӯр худдорӣ мекунам. Намехоҳам,

пешина
аз 120
навбатӣ