Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

АЗОБ

Ба ёди шодравон Нусратонуни Сӯхӣ мебахшам.

— Бибӣ, бибиҷон!
Пиразан аз болин сар бардошт. Аз берун духтарчаи ҳафт-ҳаштсолаи чингиламӯе тохта омад.
— Бибиҷон!
— Чӣ мегӯӣ, ҷони бибӣ?
— Ба тангкӯчаамон мошин омад.
— Чӣ хел мошин?
— Аз дарунаш духтур фаромад.
— Ба хонаи кӣ даромад?
— Ба хонаи Сокинаино. Бобояш нотоб будаанд.
— Бобояш гуфтӣ?
— Ҳа, бибиҷон.
— Хайр рав, ба мургақонат дон деҳ. Сонӣ сабзиву пиёз биёр, ки то омадани очаат ягон чиз пазем. Рав, бибиат садқа.

Пиразан ба ягона тирезачаи ин хонаи нимравшан андешамандона чашм дӯхт. Аз берун чанд лаҳза ту — туғӯии наберааш Қутбинисо омада мерасид. Вай овардани сабзиву пиёзро фаромӯш кард магар, ки бедарак шуд.
“Ба ӯ чӣ шуда бошад? Эҳ, Самандар, Самандар! Ҳеҷ бовари кас намеояд, ки сари ту болишт мебинад.”, — ба дил мегуфт кампир.
— Бибӣ, мошин рафт, — ҳанӯз ба остона пой нагузошта овоз дод Қутбинисо.
— Бобои Сокинаро бурданд?
— Не.
— Хайр, сабзиву пиёз оварданро фаромӯш кардӣ?
— Вой! Фаромӯш намекардаму овози мошина шунида кӯча баромада, аз хотирам баромадааст-дия. Ҳозир меорам.

Пиразан боз чашм ба тиреза дӯхт.
— Холаи Нусрат, хо холаи Нусрат! — касе бо овози баланд кампирро ном гирифт.
— Кист? Биёед.

пешина
аз 120
навбатӣ