Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
Кӯзаи об чӣ, хаёлам, як ҷӯй об турбати модари ҷавонмарги маро нами наметавонист бахшидан.
Эҳ, духтари сарсахти бибӣ, дигар чӣ чора, сабр кун. Мегӯянд, ин чунон оташест, ки аз оташи дӯзах пурзӯр. Бар ивази ин ҳафт дари ҷаннат ба рӯят боз мегардад. Ҳа, ҷони бибӣ, ҳазл нест, ки болои худ шавҳарро зан диҳӣ. Аслан кори савоб кардӣ. Ором шудӣ, бихоб, балота гирам.
Моҳнисо зоҳиран ором буд. Занҳо ба худ бистар густурданд ва пасу пеш устухонҳои фартути худро рӯи ҷой кашиданд. Баъди чанде садоҳои “уф”-у “пуф” фазои хонаро пур кард. Нафасгирии кампирони бедандон асаби хароби Моҳнисоро сӯҳон мезад. Хост ҳавлӣ барояд, вале истихола кард. Ногуфта касе бубинадаш.
Рост мегӯянд занҳо, ки ин оташи дӯзахро Моҳнисо ба тани хеш худ раво дид. Моҳнисо мефаҳмид, ки ин даҳ соли хонадорӣ барои ӯ азоб буд. Даҳ сол бо умед зистан... Даҳ сол ҳам худу ҳам атрофиёнро фирефтан...
Ин хонадон солҳо хомӯш буд. На суре, на маъракае. Ҳар субҳ Моҳнисо молу холро хабар мегирифт, ҳавлӣ мерӯфт, чойнику пиёла мешуст, ношта ҳозир месохт ва шавҳарро аз хоб бедор мекард. Исфандиёр бо нозу нуз мехест, зан оби ширгарм мерехт, ӯ баҳузур сару рӯ мешуст ва ҳар ду сари дастархон – ду тарафи оташдон менишастанд. Мард саросема бо рӯи шир ношто мекард ва тешаву рандаашро гирифта аз паи кор мерафт. Моҳнисо ба забонаи оташ чашм медӯхт. Аксаран иштиҳояш кӯр буд.
– Ҳамеша саросемаед, намепурсед, ки рӯзи дароз аҳволат чӣ тур. Метарсам, ки бо гову гӯспанд доимо оворагӣ аз одамгариям барорад, – боре Исфандиёрро аз роҳ дошт занак.
– Ҳамаш бароям аён, аммо чӣ кун мегӯӣ?
– Ин хона ҳамеша чун қабристон хомӯш аст...
– Хости худост, ки моро ба нӯки нохуни фарзанд зор кардааст.
– Ман дигар наметавонам.
– А?!
– Зан гиред. Намехоҳам, ки умри шуморо зомин бошам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё