Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Додаратон Абдуҷалил кай мурда буд, бибӣ?
— Ту чилрӯза будӣ.
— Чанд вақт шуд, охир?
— Ту чандсолай, ҳамиқа.
— Оҳ-ҳо, ким-кай мурда будааст-ку. Гиристана бас кунед акнун.
— Чӣ хел ким-кай? Гӯиё дирӯзак буд. Ман лаҳзаҳои ҷонкании ӯро фаромӯш карда наметавонам. Ҷонсарак шуд. Гуфтам, ки ҷавонмарди чиҳилсола, аз зиндагӣ серношуда. Дунёш ширинӣ мекунад. Аммо вай дар ташвиши фарзандони ноболиғаш будааст, ки хоҳиш кард, ҳама берун бароянд, лекин дасти маро сар надод.
— Апаҷон, — гуфт ӯ, — медонам, ки паймонаам пур шудааст. Ҳоли фарзандони ман чӣ мешавад? Онҳо дар кӯча мемонанд.
Ман мағзи гуфтаҳои додарамро мешикастам. Хонае, ки ӯ мезист, хонаи меросии падари ман буд.
Ман аз нақли модаркалон чизе намефаҳмидам.
— Бибӣ, мегӯед, ки Абдуҷалил додаратон аст. Аммо боз мегӯед, ки хонаи шиштаи ӯ хонаи падари ман буд. Пас вай додари шумо набуд?
— Чӣ хел набуд? Додарам буд! Оҳ, додари дунёнодидаи ман! Дар дил армон бурдагӣ додарам! Бибиҷарои рӯйи хонаша бо як доман бача ҳайрон мунондагӣ додарам!
— Ҳей, бибӣ! Биби-й!!!
— Ту мегӯй, ки вай додари ман набуд? Не, ӯ миёни додару хоҳаронам дилсӯзтарин, зеботарин, боақлтарин буд. Байни додару хоҳароне, ки аз як модаранд, угайӣ намешавад, фаҳмидӣ?
— Акнун фаҳмидам, бибӣ.
— Балоя нафаҳмидӣ. Ҳолӣ то мефаҳмӣ, кӣ...
— Баъд додаратон ҷон дод?
— Пеш аз он ки канда шавад, гуфт: “Апаҷон, ваъда диҳед, ки баъди маргам фарзандонамро ба кӯча намеронеҳ”. “Оҳ, — гуфтам ман,— наход ман — апаи ту, ба ҳамин пастӣ қодир бошам? Чӣ хел забонат мегардад, Абдуҷалили ҷон! Бо ду гӯшат шунаву ором бош, ки аз баҳри хонаву дар баромадам, насиби фарзандакот кунад. Ман сад ҷаҳон розӣ, додарам!”

пешина
аз 120
навбатӣ