Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Алло! Ин туӣ, Мӯниси ман! Салом! Чаро овозат хаста аст? Бемор ҳастӣ? Чӣ хуб шуд, ки дар хона будӣ? Пас аз соате ҳозир мешавам...

Ман оҳиста гӯширо ба ҷояш гузоштам. Пойҳоям меларзиданд. Бояд аз хона бадар шуд! Зудтар! Зудтар! Аммо ба куҷо? Назди модар? Ҳеҷ гоҳ!!

Дарҳо бастам ва тез-тез аз зинаҳо поин шудам. Садои пошнаи борики кафш ба ранги мех майнаамро мекуфт.

БАЪДИ БОРОН

“Аз байн ин қадар солҳо гузаштааст, лекин ту бо ман ҳамсол барин, мисли пештара ҷавон...

— Не-е, ҳар кас, ки маро имрӯз бинад, гумон мекунад, ки панҷоҳсолаам, тез пир шудам, ниҳоят тез.

— Ман туро доим ҳаждаҳсола мебинам.

— Чунки ту маро фақат дар хоб мебинӣ. Дар асл...

— Ин аз чӣ бошад? Модарам мегӯяд, ки “Хушдорат шӯ шавад, хуни сарат ҷӯ шавад”...

— Не, ҷони апа. Ман аз язнаат гилае надорам. Шавҳар ҳамин қадар мешудагист.

— Набошад, аз чӣ ин қадар норизоӣ? Кош ман ҳам мисли ту нотарс мешудам.

— Ту хоҳиши боз хондан доштӣ?

— Чӣҳо мегӯӣ, апаҷон?.. Ин барои ман дар хоби шаб ҳам муяссар намешавад, ҳатто дар таки дари кӯча бо ҳамсинфони собиқам ду даҳон гап зада наметавонаму...

— Падарам ҳоло ҳам дигар нашудаанд, гӯй.

— ...

— Чӣ, туро ҳам зӯран ба шавҳар доданӣ?

— Ҳоло не. Аммо... Кадом рӯз бо Аскар, ҳамсоябача буд-ку, ҳоло ӯ донишҷӯ, салому алейк кардаму рӯзам сиёҳ шуд. Мана, ҳоло ҳам сиёҳиву кабудии баданам нарафтааст...

пешина
аз 120
навбатӣ