Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

Демократӣ шудани забони арабӣ як раванди мураккаб буда, ба осонӣ муяссар нагардидааст, балки натиҷаи ҷустуҷӯҳои ҷиддии гуногун ва зиддиятнок буда, ин роҳ пасту баланд ҳам бисёр дошт. Зиддияти асосӣ иборат аз ин буд, ки баъзеҳо байни сода кардани забон ва одӣ шудани сухан фарқ намегузоштанд. Ҳол он ки одӣ шудани тарзи ифода барои баёни матлабҳои ҷиддӣ халал мерасонад, барои намоён гардидани ҷиддияти онҳо монеъ мекунад. Аз солҳои сии қарни ХХ тамоюле қувват гирифт, ки баъзеҳо аз гуфтугӯии омма ҳар чӣ хуш намояд, ба навиштаҳо дохил карданд ва сараву сақатро баробар ба кор гирифтанд. Дар натиҷа калимаву ибораҳои нодуруст, иборабандиву ҷумласозиҳои носуфта ва дурушт низ ба забони адабӣ даромадан гирифт.

Дар байни баъзе аз аҳли қалам як навъ худсарӣ ва риоя накардани меъёрҳои забони адабӣ, як беэътиноӣ нисбат ба муҳимтарин анъанаҳои забони ғании ҳазорсола мушоҳида мешуд.

Ҳамаи инҳо фарҳанги суханро паст мекард, ҳусни гапро аз байн мебурд, монеае дар роҳи баланд кардани савияи мадании оммаи хонандагон ва завқи эстетикии онҳо буд.

Одӣ шудани сухан дар баъзе давраҳои таърих, хусусан дар даврони дигаргуниҳои куллии пурсурҳат рӯйдоди қонуниятмандест. Алалхусус дар замони инқилоби иҷтимоӣ одатан табақаҳои поёни ҷамъият ба пешсафи таърих баромада, ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти маънавӣ таъсир мегузоранд, ки гоҳ таъсири мусбат ва гоҳ манфист. Ҳам сода ва ҳам одӣ шудани забон як ҷузъи ҳамин ҳодисаи умумии таърихист. Аз гуфтаҳои В. И. Ленин маълум мешавад, ки ӯ тарафдори содагиву тозагии забон буд, аммо одисуханӣ ва сухани дуруштро маҳкум менамуд. Вай, аз як сӯй, талаб мекард, ки сухани таблиғгарон бояд барои табақаи нави хонандагон равшан ва мафҳум бошад ва, аз тарафи дигар, таблиғгаронро огоҳ менамуд, ки ягон нафар аз онҳо бояд «то ба дараҷаи хонандаи тараққӣ накардагӣ наафтад, балки бемайлон—бо тадриҷияти хеле эҳтиёткорона—савияи тараққии ӯро баланд бардорад»1. Афсӯс ки ин тавр нашуд.

Забони содаву табиӣ ва ғаноманди халқ сарчашмаи асосии тавоноиву зебоии забони адабист, аммо сухани одӣ ва дурушт монеаест, ки ба пешрафти озодона ва

1 Ленин В. И. Асарҳо, ҷ. 31, саҳ. 433.

пешина
аз 393
навбатӣ