Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

калимаҳоро аз ҳиссаҳои гуногуни нутқ сохтан мумкин аст. Чунончи, аз исм: номзад, гӯшзад, сарнавишт, саргузашт, ёддошт, чашмдошт, назардошт, дардошт, дастнавишт, дампухт, дастпарвард, маънидод, билимдод, қарордод, модаровард, раҳовард, дастовард, пулдод, худодод, ҷамъомад, ҷамъбаст, амалкард, коркард, корбурд; аз сифат: бузургдошт, азиздошт, беҳнамо, тозабаромада, хушсохт, хушкард, хушомад, навният, бухоридухт; аз зарф: пешрафт, пасрафт, камомад, пешомад, пешбурд, пешниҳод, пешхӯрд, боздошт, бозёфт, бозгуфт, боздид, бозсохт, бозхарид, пурбардошт; бо пешванд (ё пешванд): дарёфт, дархост, бархост, баранинт, барсохт, даргузашт ва ғайра.

Аз ин мисолҳо маълум мешавад, ки чунин исмҳои феълии мураккабро чӣ аз калимаҳои тоҷикӣ (чашм-, кор, бузург, пеш) ва чӣ аз калимаҳои арабӣ (азиз-, ҷамъ, амал) метавон сохт. Аз мисолҳои боло ин ҳам ошкор мегардад, ки шумораи ин калимаҳо дар забони тоҷикӣ кам нест ва ҳама калимаҳои олиҷанобанд. Баъ- дар лиҳози сифат ва аксарашон исманд.

Мо ақида дорем, ки ин навъи калимаҳои мураккаб кушоинд ва зеботар аст. Дар ҳақиқат агар ҷамъомад ва ҷамъоӣ, пешрафт ва пешравӣ, амалкард ва амалкунӣ, корбурд ва корбарӣ, бузургдошт ва бузургдорӣ, хушкард ва хушкунӣ ва монанди инҳоро ба ҳам муқоиса кунем, равшан мешавад, ки якумиҳо аз дувумиҳо солим ва хушсадотар мебошанд. Албатта, ба ин сабаб ки баҳри калимаҳои монанди пешравӣ ва корбарӣ баромади даркор нест (хусусан ки онҳо гоҳ маъно ё тобиши дигар доранд), лекин аз ҷамъоӣ, хушкунӣ, коркунӣ дари ин калимаҳо худдорӣ кардан беҳтар аст.

Ба ин муносибат боз як нукта бояд гӯшрас шавад.
Чунин ба назар мерасад, ки калимасозии бо асоси замини гузаштан феъл дар таърихи забони мо на фақат аз кӯҳан пайдо шуда буд, балки гӯё аср то аср ҳар чӣ бойтар ривоҷ ёфтааст. Чунончӣ, аз луғати чандомади девони Унсурӣ, ки М. Н. Усмонов тартиб додааст, маълум мешавад, ки дар сурудаҳои ин шоири қарни XI ба ин қолиб ҳамагӣ 3 калима омадааст: паризод, пуштбаст, дастпурд. Аммо фақат дар ҷилди якуми китоби дуҷилдаи «Фарҳанги осори Ҷомӣ» (тартибдиҳанда А. Нуров) аз чунин калимаҳо 19 адад ба чашм расид ва бояд гӯем, ки ҳамаи онҳо зебо ва хушсадо мебошанд: атрпарвард, дардпарвард, нозпарвард, гулгашт, гумонзад,

113

пешина
аз 393
навбатӣ