Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Ба ин муносибат бояд гӯем, ки моҳиятан худро муайян кардан ва худ муайян шудан — ҳар ду як маъно дорад: худашро муайян кард, яъне худаш муайян шуд.
Зоҳиран, албатта, аз ин ду мафҳум яке — якумӣ амалро нишон медиҳад ва дигаре — дувумӣ натиҷаи амалро мефаҳмонад. Аммо худмуайянӣ ҳарду мафҳумро якбора дар бар мегирад, зеро худмуайянӣ муайян будани худ ва ин дар навбати худ натиҷаи муайян кардан ва муайян шудан мебошад. Бартарии худмуайянӣ дар ҳамин аст, ки ҳам «кардан», ҳам «шудан» ва ҳам «будан»-ро (яъне ҳатто на ду, балки се мафҳумро) якбора дар бар мегирад ва як раванди мураккаби иҷтимоӣ ва рӯҳиву равониро бо ҳама ҳалқаҳояш пурра ифода менамояд. Ба сифати истилоҳи иҷтимоиву сиёсӣ маҳз чунин калимаи пургунҷоиш даркор аст.
Лекин агар бо калимаи худмуайянӣ яке аз ин мафҳумҳо — фақат худ муайян кардан ё фақат худ муайян шуданро бо таъкид ифода кардани бошем, ин аз мазмуни ҷумла, аз қаринаҳо маълум хоҳад шуд.
Шояд Ш. Рустамов аз «худ муайян шудан» бештар худ ба худ муайян шуданро дар назар дошта бошад?
Дар ҳақиқат, оё худмуайянӣ маънои худ ба худ муайян шуданро ҳам фаҳмонда метавонад ё не? Албатта, метавонистагист. Ва дар ин ҳеҷ ҷойи тааҷҷуб нест. Ҳар сухан се саду шаст паҳлу дорад ва мумкин аст, ки яке аз паҳлуҳои ин калима ҳамин бошад. Лекин аз ин ҳам тарсидан лозим нест. Ин маънии онро низ худи матн метавонад маълум кунад ё бартараф намояд.
Набояд фаромӯш кард, ки агар шакли «худмуайянӣ»-ро қабул кунем, ба сифати истилоҳи иҷтимоиву сиёсӣ қабул мекунем. Ва ҳол он ки ҳар истилоҳ то андозае номи шартист. Ба ин ҳақиқат аз бисёр истилоҳҳои ҳозираи тоҷикӣ бовар ҳосил кардан мумкин аст. Одатан ҳар истилоҳ таърифе дорад ва ин таъриф ҳудуди маънои истилоҳии калимаро равшану возеҳ муайян намуда, баъзе маъниҳои дигари онро аз эътибор соқит мекунад.
Ду-се маъно ифода кардани калима ҳодисаи умумист ва аксаран бо илова кардани -кунӣ ё -шавӣ аз ин ҳодиса халос шуда наметавонем. Чунин пиндошт, ки гӯё агар ба калима -кунӣ, -шавӣ, -ёбӣ, -диҳӣ ва ҳоказо илова кунем, маънои калима мушаххас мешавад, ягон маънои он таъкид мегардад, аксаран хатост. Инро аз мисоли зерин метавон фаҳмид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё