Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Як фактеро, ки бисёр ҷолиби диққат аст, қайд кардан лозим аст. Эм. Муллоқандов дар сӯҳбате нақл карда буд, ки боре ӯ аз безебии калимаи худхизматрасонӣ ба А. Деҳотӣ шикоят карда, дар бораи иваз кардани ин калима бо калимаи дигаре фикри ӯро фаҳмиданӣ шудааст. Деҳотӣ пас аз андаке фикр кардан гуфтааст, ки ин калимаро ба шакли худхизматӣ кор фармудан эҳтимол дурусттар бошад.
Аз ин ҷо маълум мешавад, ки фикри муаллифи ин сатрҳо чандон беасос нест ва пеш аз ин ба хотири дигар рафиқон ҳам омада будааст.
Ҳамин ҳам ҷолиби диққат аст, ки дар солҳои си барои тарҷумаи самозащита ба ҷойи худмудофиакунӣ-и имрӯзаи мо худмудофиа мегуфтанд. Чунончи, Ҳаким Карим ин гуна ҷумла дорад: «Чанд нафаре аз ҷонбозони дастаи худмудофиа ҷон медоданду ҷон мегирифтанд».
Шубҳае нест, ки ин шакли калима аз шакли имрӯзаи он, яъне аз худмудофиакунӣ дурусттар ва беҳтар аст.
Солҳои си ба ҷойи худмудофиа ва худмудофиагӣ калимаи худмуҳофизатӣ ҳам кор фармуда мешуд. Чунончи: «Группаҳои худмуҳофизатӣ бояд дар ҳар як корхона мавҷуд бошад» («Тоҷикистони Сурх», 3 июли 1941).
Ин ҷо худмуҳофизатӣ дар қолиби худруҳсатӣ омадааст. Вале имрӯз онро барои ифодаи мафҳуми самосохранение истифода кунем, беҳтар аст.
Ба ҳамин қолиб солҳои си калимаи худфаъолиятӣ (дастаи худфаъолиятӣ — яъне дастаи ҳаваскорони санъат) ба вуҷуд омада буд. Ин калима солҳои шаст бо айби камина, ки дар як мақола онро вайронсохт шуморида будам, қариб тамоман аз истифода баромад. Тадқиқоти баъдӣ нишон дод, ки худфаъолиятӣ ба қолиби дурусти анъанӣ рехта шудааст ва қобили истифода аст.
Инро ҳам фаромӯш кардан лозим нест, ки баъзе аз калимаҳое, ки имрӯз бо худ ва -кунӣ месозем, ба ҷойи калимаҳое, ки кайҳо боз дар забони тоҷикӣ мавҷуданд, ба вуҷуд омадаанд. Аз ҷумла худситоӣ қариб фаромӯш шудааст ва ба ҷойи он худтаърифкунӣ сохтаем. Ё ки дар тоҷикӣ фидокорӣ, ҷоннусӯрӣ ва ҷонфишонӣ ҳаст, аммо онро имрӯз худқурбонкунӣ мегӯем, ки аз калимаи русии самопожертвование гирифта шудааст. Ба фикри мо, дар ин мавридҳо калимаи аслии мавҷударо бояд истифода намоем.
132

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё