Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

яҷ, ки намунаи ибрат аст, чизе меомӯзад ва аз он чи бе меомӯзанд. Аз ин рӯ, ибратомӯз беҳтар менамояд.
Он чи гуфта шуд, чунин маъни надорад, ки аксари калимаҳое, ки бо -ангез сохта шудаанд ва мо дар боло баррасӣ кардем,—шубҳаангез, марҳаматангез, тӯҳматангез, шӯхиангез, ибратангез ва ғайра дар забони мо аз ҳуқуқи мавҷурият маҳруманд. Не, мумкин аст, ки инҳо дар забони мо мавҷуд бошанд, вале он гоҳ бояд истифода шаванд, ки ангезаи ҳолате ва амалеро ифода кардан лозим аст. Чунончи, дар ин ҷумлаҳо:
«Хушксолии даҳшатангез ба ноҳияҳои паҳновар зарар расонд».
«Аз ҳама аламангез он буд, ки се нафар бедарак гум шуда буданд».
Ҷойи гап нест, ки хушксолӣ на фақат даҳшатангез, балки даҳшатомез ҳам буда метавонад. Ё ки гум шудани нафаре на танҳо аламомез, балки аламангез ҳам метавонад буд. Дар ду ҷумлаи боло на аз дороӣ, балки аз ҳолату ҳиссиёте, ки ангез ёфт, сухан рафтааст. Пас даҳшатангез ва аламангез дар мавриди худ ба кор омадааст.
Бисёр калимаҳо ҳастанд, ки ҳам бо -омез ва ҳам бо
-ангез сохта мешаванд. Чунончи:

шавқомез
таҳлукаомез
кинаомез
таассуфомез
таҳайюромез
меҳромез
ҳасадомез
дардомез
ҳаяҷономез
хайратомез
шодномез
лутфомез

шавқангез
таҳлукаангез
кинаангез
таассуфангез
таҳайюрангез
меҳрангез
ҳасадангез
дардангез
ҳаяҷонангез
хайратангез
шодиангез
лутфангез

Мавриди истифодаи инҳо ҳамон аст, ки гуфта шуд:
маънии ҳарду инҳо сифатанд ва дар ибораи изофӣ музавқуноида хоҳанд буд, агар дорои сифате ва ҳолате будани муайяншавандаро ифода кардан даркор бошад, бо -омез меоянд ва агар муайяншаванда омили ҳиссу ҳолату амале бошад, бо -ангез сохта мешаванд. Агар ин калимаҳо чун ҳол шарҳкунанда оянд, он гоҳ ба субъект ишора дошта бошанд, бо -ангез ба кор мераванд, ба

пешина
аз 393
навбатӣ