Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Ин аст, ки дар калимасозии ҳозира аз ҳад зиёд фаъол шудани -ангез на ҳамеша ҳодисаи мусбат аст. Дар ин маврид ҳам қаламкашҳо аксаран аз маънои сухан оғӯш пӯшидаанд ва аз ҳамин сабаб байни -ангез ва
-омез фарқ намебинанд. Вақти он расидааст, ки чашми маънирасиҳо кушоем ва аз ҷилову дурахши ҷавоҳири дуғови ва имкониятҳои бепоёни калимасозӣ ҳаловат барем.
ПАСВАНДИ «-Й»
Яке аз он чизҳое, ки ходимони матбуот хеле дӯст доштаанд, бо пасванди -й ба сифат гардондани исм аст. Дар мавридҳое ҳам, ки мақсадро бо исм адо кардан мумкин ва лозим аст, бо сабаби номаълуме, албатта, ба исм як й илова менамоянд. Эҳтимол ин ҳам аз камои хоҳиши вазнину дабдабанок кардани калимаю ибора сар зада бошад. Вале натиҷаи он ҳамин аст, ки бисёр ибораҳои дурушт ва нодуруст пайдо шудаанд.
Масалан, дар матбуот «кинотеатрҳои шаҳр» намегӯанд, балки, албатта, «кинотеатрҳои шаҳрӣ» мегӯанд («Кинотеатрҳои шаҳрӣ бояд мӯътадил кор кунанд»). Ва дар он ки «кинотеатрҳои шаҳрӣ» маъно надорад.
Ибораҳои мактаби қишлоқӣ ва беморхонаи қишлоқӣ низ аз ҳамин қабиланд. Онҳо фақат дар сурате, ки «мактаби қишлоқ ва беморхонаи қишлоқ» гӯем, шакли дуруст мегиранд.
Чун дар сари ин масъала саволи чаро? пеш меояд, бигӯем, ки то он ҷо ки ба камина маълум аст, сабаби он, мутаассифона, ҳанӯз ҳамаҷониба муайян нашудааст. Бояд ин ҷо чанд сабаб ва ҳар дафъа сабаби дигаре дар миён бошад. Тадқиқи онро ба забоншиносон мугузор карда, ҳамин қадар гуфтанӣ ҳастем, ки сабаби асосӣ шояд дар хусусияти нисбат бошад. Агар муайянкунанда ба муайяншаванда нисбати сифатӣ дошта бошад, ба шакли сифат меояд, вале агар робити муайянкунанда ба муайяншаванда аз қабили баъзе навъҳои дигари нисбат бошад, бояд ба шакли исм, яъне бидуни
-й зоҳир шавад. Кинотеатри шаҳрӣ ё мактаби қишлоқӣ аз ин сабаб нодуруст аст, ки шаҳрӣ ва қишлоқӣ сифати кинотеатр ва мактаб шуда наметавонад, балки дар ин ибораҳо байни шаҳру қишлоқ ва кинотеатру мактаб нисбати маконӣ мавҷуд аст: шаҳр ва қишлоқ макони кинотеатру мактабро муайян мекунад. Ҳамин нисбати
171

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё