Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ва истифодаи амалии он ба чӣ пояҳо расидани ҷомеа, халқе, миллате маълум мегардад.
Пас ҳар як ҷомеаи мутараққӣ бояд дар ҳаққи забони адабӣ ва фарҳанги сухан ҳамеша ғамхорӣ намояд.
Ин ғамхорӣ баробари тарбияи ахлоқ ва маънавияти афроди ҷомеа зарур аст. Аҳамияти он аз аҳамияти тарбияи ахлоқ ва маънавият камтар нест.
Забон ҳамеша дигар мешавад ва баробари замон сифатҳои тоза пайдо мекунад. Ин сифатҳои тоза забонро баробари ҷомеа пеш мебаранд ва ба он имкон медиҳанд, ки ба ҳама хостаҳои нав ба нави пешрафти ҷомеа, ба хостаҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангиву маънавии он сари вақт посух гӯяд. Лекин ин пешрафт ҳамеша як раванди мураккаби зиддиятҳоест ва хусусан дар давраҳои инкишофи пурсуръату пурталотум зиддиятҳои он меафзояд. Дар ин ҷо диалектикаи тараққити табиӣ зоҳир мешавад. Аз ин рӯ, на ҳар чизи наве, ки дар забон пайдо мешавад, ҳодисаи мусбат аст.
Яке аз аҳли назарияи фарҳанги сухан профессор Л. Скворцов дар бораи забони адабии ҳозираи русӣ гуфтааст: «Баъзе дигаргуниҳо забонро ғанӣ мегардонанд (зеро талаботи нави фикру робитаро қаноат мекунонанд), аммо баъзеи онҳо, баръакс, забонро ба бенавоӣ меоранд, ягонагии забонро ба сӯйи вайронӣ мекашанд, ганҷинаи онро кам мекунанд»¹. Вазифаи муборизони роҳи фарҳанги сухан он аст, ки бояд таъсири вайронкори рӯйдодҳои нави номатлубро пешгирӣ кунанд, барои қувват гирифтани тамоюлоти тозаи пурсамар ёрӣ диҳанд.
Пажӯҳиши ҳамаҷонибаи меъёрҳои забони адабӣ ва дигаргуниҳои наве, ки аз ин меъёрҳо фарқ мекунанд ё хилофи онҳо менамоянд, бо назари таърихӣ муайян кардани моҳияти ҳар як дигаргунӣ барои инкишофи дурусти забони адабӣ ва ҳифзи тозагии он зиёда зарур аст.
Муҳимтарин вазифа ин аст, ки мисоли хелҳои асосии калимасозӣ, ибораороӣ ва ҷумлабандиҳои навро ҷамъ оварем ва дурустию нодурустии онҳоро санҷем.
Калимае, иборае ва ё ҷумлае ба назар андак шубҳабарангез намояд, онро бояд ба муҳокимаи умум монем ва моҳияти онро муайян кунем. Албатта, исботи дурустӣ ё нодурустии бархе чизҳо душвор аст ва донишу таҷрибаи зиёде, тадқиқи таърихии ҷиддие талаб мекунад,

1 Скворцов Л. И. Теоретические основы культуры речи.— М.: Наука, 1980, с. 160-161.

19

пешина
аз 393
навбатӣ