Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

нависандагон, аксари тарҷумонҳои матолибу мадорики расмӣ, навиштаҳои оид ба кишоварзӣ, саноату сохтмон, китобҳои дарсӣ ва монанди инҳо дар масъалаи забон аз масъулиятшиносӣ дуранд, бидуни огоҳӣ, таваккалан қалам меронанд. Дар ин бора баландтар сухан бояд гуфт, то ки ба ҳар гӯш бирасад, шарҳу баёни масъалаҳои асосиро бештар тафсил бояд дод, то ки норавшан намонад.
Аз ин рӯ ҳам баъзе бобҳои китоби мо дар таҳрири дувум хеле тафсил ёфт.

Пас аз он ки «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» дар «Садои Шарқ» ва чун китоби алоҳида аз тарафи «Ирфон» чоп шуд (1968), дар матбуот чанд тақризи хурду калон пайдо гардид ва аҳли кор ҳанӯз ҳам дар навиштаҳои худ дар бораи он мулоҳиза баён карда истодаанд. Ва ин тариқ чанде аз масъалаҳое, ки муаллифи ин сатрҳо пеш гузошта буд, каму беш муҳокима шуданд ва ин баррасӣ ҳанӯз давом дорад.

Муаллиф ба ҳамаи алоқамандоне, ки дар бораи ин китоб тақриз навиштаанд ё ба муносибате фикру мулоҳиза баён кардаанд, аз дилу ҷон ташаккур мегӯяд.

Фикру мулоҳизаҳои ин рафиқон дар таҳрири дувуми китоб ба назар гирифта шуд. Хусусан тақризи доктори илми филология узви вобастаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон Раҷаб Ғаффоров «Дар боби ҳусни сухан»
(«Садои Шарқ», 1969, № 5) ва доктори илми филология узви вобастаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон Шарофиддин Рустамов «Оид ба калимасозӣ ва ҳусни сухан» («Садои Шарқ», 1971, № 6) хеле амиқ ва дорои андешаҳои ҷиддие буда, муаллифро ба ҷустуҷӯҳои доманаддор водошт. Мо фикри худро дар бораи баъзе андешаҳои онҳо дар поинтарҳо, дар мавридаш хоҳем гуфт.

Муаллифони баъзе тақризҳо тамоман бехабар аз асли матлаби соҳиби китоб сухан рондаанд ва гоҳ моҳияти эродии онҳо чандон равшан нест. Ин ҳол, масалан, аз тақризи академик Б. Ниёзмуҳаммадов «Мулоҳизаҳо дар бораи як китоб» («Мактаби советӣ», 1971, № 1) ба хубӣ муоина мешавад. Табиист, ки натавонистем ин тақризҳоро ба назар гирем.

Ақида дорем, ки аксари масъалаҳои мавриди баҳси
мо масъалаи муҳимманд ва минбаъд аз тарафи онҳое,
ки ба ин кор салоҳият доранд, ҳамаҷониба баррасӣ хоҳанд шуд. Дар натиҷаи ин муҳокимаҳо ҳақиқат равшан
хоҳад гардид. Он гоҳ шояд аён шавад, ки баъзе фикрҳои муаллифи ин сатрҳо ва ҳатто назари умумии ӯ ба

пешина
аз 393
навбатӣ