Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
ин дахл кардан ва дар роҳи тозагии он мубориза бурдан бештар аҳамият пайдо кардааст. Мо имрӯз ба забоншиносии амалӣ бештар эҳтиёҷ дорем. Ҳам дар илм, ҳам дар мактаб аз дастуромӯзӣ мурод ҳосил нашуд. Матлаби аслӣ на омӯхтани дастур, балки омӯхтани забон аст. Бояд забоншиносии мардумро забон омӯзад, на дастур. Омӯзиши дастури забон бояд тобеи ин матлаби аслӣ бошад.
Муаллифи ин китоб, ки ҳоло ба диққати шумо пешниҳод шудааст, забоншинос нест. Аз китоби ӯ ҷамъбастҳои густаришдори назарӣ набояд чашм дошт. Ҳатто аз эҳтимол дур нест, ки ноогоҳии назарӣ аз ӯ бисёр зоҳир шавад. Аз ин ваҷҳ вай аз мутахассисон бисёрҳо узр мехоҳад. Мақсади ӯ фақат ба баррасии умум пеш ниҳодани баъзе мушоҳидаҳову мулоҳизаҳо мебошад, аммо ҳалли масъалаҳо ба ихтисосмандони салоҳиятдор вогузор мегардад.
Ҳангоме ки матбуоти Тоҷикистонро аз назар мегузаронем, бештар аз ҳама чунин чиз ба назар мерасад, ки бисёр калимаҳо нодуруст кор фармуда шудаанд. Рафиқоне ҳастанд, ки маънои калимаеро нафаҳмида ва аз ягон китоби луғат тафтиш накарда, бидуни огоҳие ба кор мебаранд. Дар натиҷа ибораю ҷумлаҳои бесаводонае ҳосил мешавад. Аз ин бемасъулиятӣ кор ба ҷое расидааст, ки баъзе калимаҳои маълуму маъмул имрӯз на ба маънои хоси худ, балки ба маънои дигаре ба кор мераванд, яъне мо маънои ҳақиқии он калимаҳоро ба эътибор нагирифта, ба онҳо аз пеши худ маънои дигаре медиҳем.
Зотан маънои аслии худро гум кардани калима ва маънои наве пайдо намудани он дар забон ҳодисаи қонунист. Дар забони тоҷикӣ бисёр калимаҳое ҳастанд, ки ба чунин ҳолат дучор омадаанд. Ин ҳолат одатан дар натиҷаи инкишофи табиии забон ва сайри таърихии он рӯй медиҳад. Аммо баъзе ҳодисаҳо, ки ҳоло дар забони матбуот мебинем, дар натиҷаи инкишофи табиии забон ва маъноҳои нави маҷозӣ пайдо кардани калимаҳои алоҳида не, балки асосан дар натиҷаи беаҳамиятӣ, бемасъулиятӣ ё камсаводии ягон қаламкаш рӯй додааст. Чунин ҳодисаҳоро пешгирӣ кардан даркор аст.
Бино бар ин мо хостем, дар аввал дар бораи баъзе аз чунин калимаҳо сухан ронем. Баъд дар хусуси баъзе ибораҳо ва тарзҳои иборабандӣ сухан хоҳад рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё