Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Ин мавриди пешоянд не, балки мавриди изофат аст. Ин ҷумлаҳоро бо пешоянд ҳам тартиб додан мумкин аст, вале дар он сурат ҳам на дар бораи, балки пешоянди аз лозим аст; «хабари наве аз қаҳрамонии мардуми шӯравӣ», «хабаре аз бадкирдории мустамликадорон».

Дар ҳамаи мисолҳое, ки дар ду боби охир бо пешоянди дар бораи аз қаламкашҳои кунунӣ овардем, сухан ба қолаби русӣ рехта шудааст. Чунин қолабҳои русӣ чун ба забони мо дохил мешаванд, тафаккури моро хароб, аз вежагиҳои аслӣ, аз хусусиятҳои миллӣ маҳрум мекунанд.

Пешоянди дар бораи бо калимаҳои афсона, қисса, ҳикоят, ривоят ва монандӣ инҳо низ нодуруст ба кор рафта истодааст. Чунончи мегӯянд; афсона дар бораи Ромео ва Ҷульетта, «Афсона дар бораи моҳигир ва моҳӣ» (тарҷумаи номи асари Пушкин «Сказка о рыбаке и рыбке»), қисса дар бораи Ибни Сино, қисса дар бораи ишқи бардурӯғ, «Қисса дар бораи одами ҳақиқӣ» (тарҷумаи номи асари Б. Полевой «Повесть о настоящем человеке») ва ғайра.

Ҳамаи ин мавридҳо ҳам мавриди изофат аст. Мо асрҳо боз гуфтаем: достони Лайливу Маҷнун, ҳикояти тоҷир ва духтари гадо, ҳикояти се писари Ғаюршоҳ ва маликаи Сабзқабои тундхӯ, қиссаи Баҳрому Гул-андом, афсонаи «Деви ҳафтсар» ва ғайра. Дар адабиёти классикии мо, ки достон ва қиссаву ҳикоят бисёр аст ё ки дар фолклор, ки афсона яке аз жанрҳои калони он аст, ягон бор дар ин мавридҳо пешоянди «дар бораи» насмадааст. Дар замони мо ҳам устод Лоҳутӣ номи асари мазкури Пушкинро «Афсонаи моҳигир ва моҳии тилло» тарҷума карда буд, Номи повести зикршудаи Б. Полевой низ «Достони марди ҳақиқӣ» тарҷума шудааст. Онҳое, ки имрӯз дар чунин мавридҳо ба ҷойи изофат пешоянди дар бораи ба кор мебаранд, ин корро фақат ба он сабаб мекунанд, ки як хусусияти муҳими забони тоҷикиро ба назар намегиранд ва ё аз он бехабаранд ва аз ин рӯ аз таркиби русӣ айнан нусха мебардоранд.

Яке аз сабабҳои ин ки дар навиштаҳои имрӯза дар бораи бисёр ба чашм мерасад, ҳамин нусхабардории маҳз, яъне муносибати ғайриэҷодӣ ва эътибор надодан ба хусусиятҳои забони тоҷикӣ, ба назар нагирифтани ин мебошад, ки ба тоҷикӣ кадом феъл кадом пешояндро талаб мекунад. Масъалаи ин, ки дар забони тоҷикӣ

254

пешина
аз 393
навбатӣ