Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
«Ӯ ҳанӯз дар солҳои студентӣ бисёр мақолаҳо хонда буд». Ва ҳоказо.
Дар ин ҷумлаҳо ҳам наметавонем, ки ҳанӯз-ро бо то ҳол, ҳоло ё ҳоло ҳам иваз кунем. Аз ин маълум мешавад, ки ин ҷо ҳам ҳанӯз ба маънои аслии худ наомадааст, ин ҷо ҳам мавриди ҳанӯз нест. Лекин ин ҷумлаҳо фақат бо фурӯгузори ҳанӯз ислоҳ нахоҳанд шуд.
Барои ин ки чор ҷумлаи охир ислоҳ шавад, ҳанӯз дар бояд ба пешоянди аз иваз гардад. Яъне ҷумлаҳои гурӯҳи дувумро — ҷумлаҳоеро, ки баъди ҳанӯз пешоянди дар омадааст, низ ба шакли ҷумлаҳои гурӯҳи якум даровардан лозим меояд. Чунончи, ба ин тарз:
«Ин масъала аз солҳои сиюм диққати олимонро ба худ ҷалб карда буд».
«Тарҷумаи олмонии ашъори Фирдавсӣ ва Хайём аз аввали асри XIX пайдо шуд».
«Ин ҳодиса аз аввалин зинаҳои инкишофи адабиёти шӯравии тоҷикӣ падид омада буд».
«Ӯ аз солҳои донишҷӯӣ бисёр мақолаҳо хонда буд».
Аз ин маълум мешавад, ки дар асл миёни ҷумлаҳои гурӯҳи якум ва дувум фарқе нест: шакли дурусти ҳар дуи онҳо як аст. Дар ҳар дуи онҳо ҳам ҳоли замон бояд бо пешоянди аз ояд. Дар ин сурат ҳоли замон оғози равандеро дар гузашта ифода мекунад. Ба тоҷикӣ барои ифодаи оғоз аз даркор аст, на ҳанӯз. Чунки ҳанӯз дар замони гузашта идомаи равандеро ифода мекунад, на оғози онро. Ҷумлаи «Ман он вақт ҳанӯз ҷавон будам» чунин маънӣ дорад, ки он вақт ҷавонии ман давом дошт. Умуман ифодаи идомаи раванд вазифаи асосии ҳанӯз аст. Чи дар замони гузашта ва чи дар замони ҳозира ҳанӯз фақат давом доштани равандеро мефаҳмонад: «Мо ҳанӯз аз манбаъҳои хаттии он хабар надорем» (замони ҳозира); «Ин нусха ҳанӯз ба қайд гирифта нашудааст» (замони ҳозира); яъне ба қайд гирифта нашудани нусха давом дорад.
Хуллас, ки ҳанӯз на дар замони ҳозира ва на дар замони гузашта барои ифодаи оғози раванде хизмат карда наметавонад. Чунин хизмат аз доираи вазифаи вай берун аст. Ва ҳол он ки агар «Ҳанӯз аз оғози ҷавонӣ ашъори ӯ оҳанги инқилобӣ дошт» гӯем, ба гардани ҳанӯз вазифаи таъкиди оғозро мегузорем ва ҳол он ки гардани вай ин борро бардошта наметавонад.
Дар айни замон агар «Ин масъала ҳанӯз дар солҳои сиюм диққати олимонро ба худ ҷалб карда буд» гӯем,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо