Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
гоҳ боиси тамоман дигар шудани маънои ибораву ҷумла мегардад. Барои мисол чанд ибораи изофиро аз назар мегузаронем.
«Ӯ аз хониши хушовози парандаҳо лаззат мебурд». Равшан аст, ки хониш хушовоз нест, балки парандаҳо хушовозанд. Бино бар ин хушовоз бояд баъди парандаҳо меомад. Ғайр аз ин дар чунин мавридҳо, чунончи дар тасвири ғиной (лирикӣ) одатан парандаро мурғ мегӯянд. Аз ин рӯ ҷумлаи боло, масалан, ин тарз таҳрир мешуд, беҳтар мебурд: Ӯ аз хониши мурғони хушовоз лаззат мебурд (беҳтар ин ки ҳаловат мебурд).
Дар ибораи изофии серҷузъ, дар иборае, ки якчанд калима ба ҳам бо изофат алоқаманд шудааст, ҳар муайянкунанда бояд пас аз муайяншавандаи худ гузошта шавад, на дар ҳар куҷо, ки хоҳем. Модомки хушовозӣ сифати мурғон аст, бояд хушовоз маҳз баъди мурғон ҷой гирад.
Ин қоидаи маълум дар навиштаҳои имрӯза на ҳамеша риоя мешавад. Бисёр муаллифон дар ибораи изофии серҷузъ ҷойи ҳар муайянкунандаро дуруст таъин намекунанд ва баъзе сифатҳоро ба чизи дигаре нисбат медиҳанд. Чунончӣ, мегӯянд:
«Шеърҳои хушбаёни ин шоири номдор ба мо хеле маъқул шуд».
Хушбаёнӣ сифати шоир аст, на шеъри ӯ. Пас шеърҳои ин шоири хушбаёни номдор гуфтан даркор буд. Дар ин масъала аз ҷумлаи зерин равшантар тасаввур ҳосил кардан мумкин аст:
«Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ фарзандони халқи тоҷик, ӯзбек, қазоқ ва дигар писару духтарони халқҳо иштирок карданд».
Аз ин ҷумла чунин маънӣ мебарояд, ки гӯё фарзандони халқи тоҷик, ӯзбек ва қазоқ писару духтарони халқҳо набудаанд. Чунин маънии ғайри чашмдошт 13 он сабаб пайдо мешавад, ки дигар дар ибора дар ҷойи худ нест. Дигар писару духтарони халқҳо не, балки писару духтарони дигар халқҳо гуфтан даркор буд. Он гоҳ фарзандон ҳам ба қатори писару духтарон ва халқи тоҷик, ӯзбек, қазоқ ҳам ба қатори халқҳои охири ҷумла медаромаданд.
Чунин иборабандиву ҷумласозиҳое, ки дар боло дидем, натиҷаи шитобкорӣ, бетааммукӣ ва ноогоҳӣ, натиҷаи фикр накардан дар сари ҳар калимаю ибора аст. Ин ҳам як навъи масъулиятношиносист, ки гоҳ ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо