Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

бад нест, лекин суруд шуниданӣ моро гӯшрас кардан дар ин мавриди нишониаи ҳурмат ба шунаванда нахоҳад буд.
Суруд шунидани моро дар охири концерт гӯшрас кардан он гоҳ маънӣ пайдо мекунад, ки ба ин муносибат ба он чи ки мо худ медонем, чизе илова гардад, он чӣ медонем, аз ягон ҷиҳат мушаххас шавад. Масалан, гуфта шавад, ки сурудҳои лирикии шунидед ё сурудҳои тоҷикӣ ё халқӣ ё классикӣ ва ё даҳ суруд ё ки чанд суруд гӯш кардед ва ҳоказо. Он гоҳ суруд аз ягон ҷиҳат муайянтар мешавад. Модоме ки мо концертро шунида шудем, сурудҳои он барои мо чизи муайян аст, чигунагии онҳоро медонем. Пас ин муайяниро муайянтар кардан мумкин аст, аммо агар «сурудҳо шунидед»
гӯянд, баръакс моро боз ба номуайянӣ мекашанд. Дар ин маврид «суруд»-ро дар шакли номуайян гуфтан мумкин нест, ҳатман аз ягон ҷиҳат мушаххас кардан лозим меояд.

Ҳамин гуна як ноҳияҷорӣ дар ибораи хабарҳо аз хориҷа низ ҳаст. Ин ибораро гоҳ дар рӯзномаҳо мебинем, хусусан аз радио ва телевизион бисёр мешунавем. Мо дар боби «Пешоянд ва изофат» ба он андаке таваккуф карда будем. Ҳоло хотиррасон кардан мехоҳем, ки хабарҳо аз хориҷа гуфтан ба таври мутлақ гап задан аст ва гӯянда дар ин сурат ба муайянию номуайянии он чӣ мавриди сухан аст, эътибор намедиҳад. Аммо дар забони тоҷикӣ дар чунин маврид муайяниву номуайяниро ба эътибор гирифтан зарур аст. Ба тоҷикӣ гоҳ ҳатман муайянӣ ё номуайянии чизро таъин кардан лозим меояд.
Ҳеҷ мумкин нест, ки дар ибораи хабарҳо аз хориҷа калимаи хабарҳо танҳо ва бешарҳ истад. Онро ё хабарҳои хориҷӣ ва ё, масалан, чанд хабар аз хориҷа гуфтан даркор аст. Агар хабарҳои хориҷӣ гӯем, хабарҳо ба худ шакли муайян мегирад ва чигунагии он аз як ҷиҳат равшан мешавад. Агар чанд хабар аз хориҷ гӯем, хабар андаке муайяние пайдо мекунад: чанд ишорае ба адади он аст, ҳарчанд худи адад маълум нест. Вале асосан номуайян мемонад, зеро чигунагии он аз ягон ҷиҳат равшан нашудааст. Ин номуайянӣ дар сарлавҳа айни муддаост: чигунагии хабарҳо аз мазмун хоҳад гардид, яъне номуайянӣ дар матни асосӣ бартараф мешавад.

Дар ин маврид як хабар аз хориҷ ё ду-се хабар ва
ё чор хабар аз хориҷ гуфтан ҳам мумкин аст. Агар

пешина
аз 393
навбатӣ