Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Номуайянӣ дар забони тоҷикӣ асосан бо артикли як ва ё е ифода мегардад: як одам ё одаме, як кор ё коре, як дафтар ё дафтаре.
Дар ин мавридҳо як фақат гоҳ шумора буда, ададро низ мефаҳмонад, аммо аксаран аломати номуайянисту бас. Чунончӣ, дар ин ҷумлаи устод Айнӣ:
Падари ӯ як марди ҳафтодсола буд.
Тамоман равшан аст, ки ин ҷо як шумора нест, зеро модомки сухан аз падари як кас меравад, адади онро зикр кардан зарурат надорад: ҳар кас дорои як падар мебошаду бас ва ин худ аз худ маълум аст. Дар ҷумлаи боло як ҳанӯз номуайян будани он марди ҳафтодсоларо таъкид мекунад: нависанда дар бораи ин мард акнун сухан сар кардааст ва чигунагии ӯ ҳанӯз ба мо маълум нашудааст. Дуруст аст, ки нависанда аз ҳамин ҷумлаи якум он мардро ба мо шиносондан оғоз намуд: хабар дод, ки ӯ ҳафтодсола аст. Вале ин кам аст ва шиносоии мо баъд аз ин сурат хоҳад гирифт. Калимаи як ҳамин ҳолати номуайянӣ ва номаълумиро ифода менамояд.
Дар ҷумлаи боло ба ҷойи як пасванди -е ҳам гузоштан мумкин буд: Падари ӯ марди ҳафтодсолае буд. Аз ин ҷиҳат як ва -е ҳаммаънову баробарҳуқуқ буда, якдигарро иваз карда метавонанд.
Гоҳ таъин кардан душвор аст, ки як шумора аст ё аломати номуайянӣ. Чунончӣ, дар ин ҷумла:
Як дарахти себ ва як дарахти анор паҳлуи ҳам мезистанд.
Ин ҷо як шояд ҳам шумора бошад ва ҳам аломати номуайянӣ, яъне якбора ду вазифа иҷро намуда, хонандаю шунавандаро аз номуайянӣ ба сӯйи муайянӣ мебарад.
Таъкиди номуайянӣ дар чунин ҳолатҳо аз муҳимтарин хусусиятҳои забони тоҷикист, ки боз ҳам дар баъзе забонҳои дигар дида намешавад. Ин таъкидро мантиқи сухани тоҷикӣ тақозо дорад. Ин ҷо яке аз нозукиҳои забони мо ниҳон аст, ки барои эҳсоси он нисбат ба тобишҳои ноаёни маъно ҳассосияти махсус даркор аст. Агар ба ин эътибор надиҳем, мантиқ зарар мебинад. Мутаассифона, ҳоло на ҳама ва на ҳамеша дар ин масъала ҳассосият зоҳир мекунанд.
Инак, аз навиштаи як нависандаи намоён:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо