Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

мегирад. Лекин агар пеш аз ин калима ҷонишини муайянии он омада бошад, дар бисёр мавридҳо артикли -е аз он калима меафтад: модомки аломати муайянӣ пайдо шуд, ба аломати номуайянӣ эҳтиёҷ намемонад. Чунончи, дар ин ҷумлаҳо:
«Он кас, ки пештар омада буд, пештар аз дар баромад».
«Вай пеши он қисми бригада, ки ба камари кӯҳ бетон мерехтанд, омад».
Дар ин маврид он фақат калимаи қисм, гурӯҳ ва монанди инҳоро муайян мекунад, аммо исме, ки баъди қисм ва гурӯҳ омадааст, масалан, бригада аз ҷумлаҳои боло муайян аст, бино бар ин аломати муайянӣ қабул накарданаш ҳам мумкин аст.
Дар навиштаҳои имрӯза дар чунин мавридҳо саҳве дида мешавад: гоҳ пеш аз калимаи муайян, хусусан пеш аз қисми гурӯҳ ва ғайра он зикр намегардад ва зарурати он эҳсос намешавад. Чунончи:
«Дар қисми ҳудуди Византия, ки салибдорон забт карда буданд...»
Ва ҳол он ки дар чунин маврид пеш аз қисм, гурӯҳ ва ғ. зикри он зарур аст. Чунонки барои ифодаи номуайяни зикри як ё -е зарур буд ва як қисми..., як гурӯҳи... ё ки қисме аз, гурӯҳе аз гуфтан лозим буд, ҳангоме ки ифодаи муайянӣ даркор шуд, зикри ин ё ки он низ зарур аст. Аз ин рӯ, ҷумлаи болоро ба ин тарз таҳрир кардан даркор буд:
«Дар он қисми ҳудуди Бизонз, ки салибдорон забт карда буданд...»
Чунин хато дар ҷумлаҳои зерин ҳам ҳаст:
«Ин ҷо қисми обе, ки оянда бояд ҳафт агрегати дигарро гардонад, аз туннел меҷаст».
«Қисми оби Вахше, ки турбинаро чарх занонда мебаромад, соф буд».
Дар ҷумлаи дувум боз як саҳви дигар ҳаст: ба Вахш артикли номуайянӣ ҳамроҳ кардан лозим набуд. Вахш номи дарёест ва модомки Вахш гуфтем, дарёи муайянро дар назар дорем. Пас ин ҷо аломати номуайянӣ ба тамоми хилофи мантиқ аст. Фақат дар сурате ки Вахшро аз дигар дарёҳо ҷудо кардан, яъне нисбати ҷузъро ба кул таъкид намудан ё ки яке аз хусусиятҳои ин дарёро нишон додан даркор шавад, Вахше, ки гуфтан ҷоиз аст. Чунончи: Вахше, ки қарнҳо боз ба касе сар намефаровард, акнун мутеъ шуд.

пешина
аз 393
навбатӣ