Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

АдабиётФарҳангМаърифат
Аз аввал хондан

маи парламент мебошад»; «Садои дили ӯ ин садои дили халқ аст». Ва ё ин ҳикматро мулоҳиза фармоед:
«Шеър ин мусикиест, ки мехонӣ ва мусиқӣ ин шеърест, ки мешунавӣ». (Ба тоҷикӣ дар бораи шеър ва мусиқӣ ба ин тарз «суханорой» кардан, ба фикрам, айб аст). Байти «ҳикматомези» зерин ҳам на фақат шаклан нодуруст тартиб ёфтааст, балки маънан ҳам на ҳамеша қобили қабул аст:

Китоб — ин манбаи илм асту ирфон,
Китоб — ин маҳзани дурҳои ғалтон.

Дар ҳамаи чунин мисолҳо монеае нест, ки ба вазифаи муайянкунанда омадани «ин»-ро пешгирӣ кунад.
Дар ҷумлаҳои русӣ вазифаи это равшану возеҳ ва барҷаста ифода шудааст, аммо дар ҷумлаҳои тоҷикӣ мавқеи он духӯра ва номуайян аст. Ишоратҷонишини ин дар забони тоҷикӣ ҳамеша нишони муайяни ва конкретият буд, агар имрӯз ба ҷумла, хусусан ба ҷумлаҳои калон номуайянӣ ва духӯрагӣ биёрад, маълум мешавад, ки аз вазифаи худ хеле дур рафтааст, вазифае, ки муносиби он нест, ба зиммааш гузоштаем. Ҳар чизе, ки ба ифодаи равшану возеҳ халал мерасонад, бояд аз миён бардошта шавад.

Дар забони тоҷикӣ як маврид ҳаст, ки ишорати ин пас аз тире меояд ва вазифаи муайянкунандаро иҷро менамояд. Чунончи, дар ин ҷумлаҳои А. Баҳорӣ:
«Дар ҷамъияти сармоядорон пул — ин коғази хушнакши равғанин тақдири одамро ҳал мекунад».
«Фаъолияти ҷоннисоронаи Гулафзо ва Қудрат — ин ду нафар шаҳидони некном дар роҳи робитаҳои кайҳонии марҳилаи дурахшон ҳисоб мешуд».

Чунонки мебинем, ин дар чунин мавридҳо байни мубтадову хабар ва аз ҳардуи онҳо ҷудо намеистад, балки муайянкунандаи ишориву таъкидии яке аз аъзоҳои ҷумла аст: дар ҷумлаи аввал муайянкунандаи мубтадои дувум буда, дар ҷумлаи дувум як қисми муайянкунандаи дувуми мубтадоро муайян мекунад. Ин дар ин мавридҳо як ҷузъи баёния аст ва аз ҳамин сабаб аксаран пас аз тире меояд.

Чунин истифода шудани ин барои таъкиди фикр ва қувват додани сухан имконоти махсусе пеш меорад.

пешина
аз 393
навбатӣ