Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

АдабиётФарҳангМаърифат
Аз аввал хондан

нодуруст сохта шудааст ва матлаб ба шакли лозима ифода нагардидааст.

Ибораи боло тарҷумаи ибораи русии дорожно-строительные машины будааст. Азбаски ин ибора ҳарф ба ҳарф тарҷума ва шаклу қолиби он айнан ба тоҷикӣ кӯчонида шудааст, маънои онро фаҳмидан хеле душворӣ меорад. Лекин агар, масалан, мошинҳои сохтмонӣ роҳ гуфта мешуд, дар фаҳмиш душворие пеш намеомад, зеро ин ҷо маънӣ равшану возеҳ ифода ёфтааст. Дорожно-строительные машины дар «Луғати русӣ-тоҷикии терминуон бинокорӣ» (1982) мошинҳои роҳсозӣ номида шудааст, ки боз ҳам кӯтоҳтар ва тамоман фаҳмо мебошад.

Ин аст, ки масъалаи тарзи баён ва шакли сухан дар тарҷума аз масъалаҳои асосист. То шакли лозима ёфта нашавад, маънӣ ифода намегардад ва хираву норавшан мемонад.

Яке аз шаклҳои калимасозин русӣ, ки дар тоҷикӣ бояд андаке шакли дигар дошта бошад, ҳамин ҷуфтсифатҳои нисбии дефиснок аст. Дорожно-строительный як сифати нисбӣ мебошад, ки аз ду калима ба ҳам омадааст. Дар тоҷикӣ ин ду калимаро аз ҳам ҷудо карда, чун ду сифати алоҳида паҳлуи якдигар гузоштан лозим меояд. Кӯшиши он қаламдастҳо, ки сифатҳои ҷуфти дефисдори русиро ба тоҷикӣ ҳам айнан ба ҳамон шаклу қолиб ифода кардан мехоҳанд, ибораҳое ба миён меорад, ки шаклан ва маънан номафҳуманд.

Чунончи, ибораи цементно-песчанная смесь аксаран омехтаи сементӣ-кумӣ тарҷума мешавад. Агар асли русии онро як лаҳза аз хотир дур карда, фақат тарҷумаи тоҷикиашро ба мулоҳиза гирем, боз ҳам маънӣ норавшан хоҳад монд. Чун тарҷумаи онро дар ҳамон «Луғати русӣ-тоҷикии терминуон бинокорӣ» ба шакли омехтаи сементу рег мебинем, маънӣ равшан мегардад.

Боз ҳам дар тарҷумаи тоҷикӣ даст кашидан аз дефис боиси равшантар маълум шудани маънӣ гардидааст.

Ҷустану ёфтани муодили тоҷикии баъзе шаклу воситаҳои забони русӣ аз муҳимтарин масъалаҳои тарҷума ва калкасозӣ мебошад. Ҳатто гартабардорӣ (калка) дар бисёр мавридҳо айнан нусха бардоштан нест, балки

пешина
аз 393
навбатӣ