Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ки аз истифодаи тамошогар ва тамошочӣ бояд худдорӣ шавад.
Ба фикри мо, ба истифодаи тамошогар ва тамошочӣ эътироз кардан даркор нест. Бояд ҳаминро ба назар гирем, ки пасванди -гар ва -чӣ дар ин маврид хилофи маъно наомадааст. Тамошогар ё тамошочӣ касест, ки дар як муддати муайян ба тамошо машғул аст, яъне -гар ва -чӣ дар ин калимаҳо ҳам шуғл ва машғулиятро ифода мекунад ва ба вазифаи аслии худ омадааст. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки ин калимаҳо дуруст сохта шудаанд, дар сохти онҳо қоида зиён надидааст. Модоме ки онҳо хилофи қоида набудаанд, ҳаққи мавҷудият доранд.
Тамошогар ва тамошочӣ аз ҷумлаи он калимаҳое нестанд, ки қаламкашҳои ӯҳданобарои имрӯза сохта бошанд. Ҳардуи онҳо дар форсии адабии ҳозира кайҳо боз мавҷуданд, дар забони адабии тоҷикӣ ҳам таърихчае доранд. Чунончи, дар достони устод Лоҳутӣ «Тоҷу байрак», ки солҳои сӣ, яъне на дар Эрон, балки дар Тоҷикистон таълиф шудааст, тамошочӣ ба назар мерасад:
Тамошочён ҳам зи андоза беш, Биригоду Ориф ситода ба пеш.

Тамошочӣ дар гуфтугӯи форсӣ ва тоҷикӣ шояд ба наздикиҳо пайдо шуда бошад. Пайдоиши он эҳтимол чунин воқеъ шуд, ки пасванди -чӣ, ки аз забонҳои туркӣ омад, дар калимаи тамошой ҷойи пасванди форсии -й-ро гирифт. Тамошоӣ дар гузашта гоҳ-гоҳ истифода мешуд. Масалан, «Бар тамошоёни ин бӯстон пинҳон намонад, ки...» (Абулҳасани Фароҳонӣ). Ин калима дар навиштаҳои устод Лоҳутӣ ҳам ба дид меояд: «Байни тамошоён... калтаккорӣ сар шуд»
(VI, 101). Тахмин меравад, ки ҳамин -й баъдтар ба -чӣ табдил шуд, ки дар як давра -чӣ фаъол гардид ва баъзе пасвандҳои дигар ҷойи худро ба он доданд.
Набояд фаромӯш кард, ки тамошочӣ дар забони адабии имрӯзаи тоҷикӣ ками дар кам истеъмол мешавад ва ба пиндори камина, камтар ба кор рафтанаш беҳтар аст, зеро чунонки дар поинтар хоҳем дид, ин ҷо -чӣ ҷойи дигар воситаҳои маъмултару табиитарро гирифтааст.
Дар бораи ин ки тамошогар ҳам дар забони адабии имрӯзаи тоҷикӣ чизи нав нест ва таърихчае дорад,

352

пешина
аз 393
навбатӣ