Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

эстониро шунавед». Дар ин ҷумлаҳо мусиқӣ ба маънои оҳанг омадааст. Ва ҳол он ки дар асл мусиқӣ исми ҷомеъ мебошад ва маҷмӯи оҳангу ҳавоҳоро мефаҳмонад. «Мусиқии тоҷикӣ» гӯем, ҳамаи оҳангу ҳавоҳои халқи тоҷикро дар назар дорем. «Ишрат» номи як оҳанг аст, ки ба мусиқии тоҷик медарояд. Бино бар ин «оркестр оҳанги «Ишрат»-ро менавозад» ва «якчанд оҳанг (ё ҳаво ва ё созу овоз)-и эстониро шунавед» ё «чанд пора (чанд оҳанг, чанд машқе) аз мусиқии эстонӣ гӯш кунед» гуфтан дурусттар хоҳад буд.

Дар ин маврид калимаи «машқ»-ро ҳам ба кор бурдан мумкин аст (машқи «Ишрат», машқи «Синахурӯш» ва ғайраҳо). Аз чӣ сабаб бошад, ки ходимони матбуоту радиову телевизион калимаи «машқ»-ро танҳо ба варзиш, машқи ҳарбӣ ва ғайра махсус донистаанд, на «машқ» ва на «машшок»-ро дар мавриди концерт ба кор намебаранд. Ва ҳол он ки истеъмоли ин калимаҳо то андозае боиси аз якрангӣ ва маҳдудият берун омадани эълони концертҳо хоҳад гардид.

Ибораи мусиқии Шаҳидӣ асосан ҳаман асарҳоеро, ки З. Шаҳидӣ эҷод намудааст, мефаҳмонад. Бино бар ин дар сурате, ки гап дар бораи як асари бастакоре меравад, низ ба ҷойи «мусиқӣ» калимаи «оҳанг»-ро кор фармудан беҳтар аст.

«РОЛ» ВА «НАҚШ»

Калимаи рол чиҳил — панҷоҳ сол дар забони тоҷикӣ ба чанд маъно ва бисёр ба кор рафт. Бо ин калима ибораҳои гуногуне ҳам сохта шудаанд: роли муҳим, роли бузург. Аз рол чанд феъл ҳам сохта шудааст: рол бозидан, рол бозӣ кардан, рол иҷро намудан ва ғайра. Дар ин феълҳо рол ба маънои аҳамият меояд: роли калон бозид, яъне аҳамияти калон дорад.

Ҳамаи ин таркибҳо ба тарзи калка — ғартабардорӣ аз забони русӣ гирифта шудаанд ва, бешубҳа, боиси афзудани имкониятҳои забони тоҷикӣ гардидаанд.

Солҳои охир ба ҷойи рол калимаи нақш ҳам кор фармуда мешавад. Чунончи, мегӯянд:

«Китобҳои дарсӣ низ нақши муҳим бозиданд». Шубҳае нест, ки ин ҷо нақш ба ҷойи рол омадааст.

Ё ки гуфтаанд:

пешина
аз 393
навбатӣ