Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

АдабиётФарҳангМаърифат
Аз аввал хондан

мебанданд, ки мувофиқи қоидаҳои забони тоҷикӣ нестанд.
Устод Айнӣ мегуфт: «Ҳама гап дар болои... тоҷикӣ кардани замини таҳрир аст».
Ин қазия, ки Айнӣ соли 1928 баён карда буд, ҳоло дар мамлакати мо яке аз ҷузъҳои асосии назарияи тарҷума аст. Вале афсус, ки бисёр тарҷумонҳои имрӯзаи тоҷик онро риоя намекунанд ё барои риоя кардан қудрат надоранд.
Ин аст, ки дар тарҷума ҷорӣ намудани принсипҳои илмии имрӯза ва аз ҷавонон тайёр кардани тарҷумонҳои нави комилихтисос яке аз муҳимтарин вазифаҳои таъхирнопазир аст.


Муаллифи ин сатрҳо ҳаргиз даъво надорад, ки ҳамаи фикрҳои ӯ, ки дар ин китоб баён шудаанд, дурустанд, тамоми мисолҳо дуруст эзоҳ ёфтаанд ва ҳамаи таклифҳояш комилан қобили қабул мебошанд. Вале ҳамин чизро хотирнишон кардан лозим аст, ки ин мисолҳо ва фикру андешаҳо натиҷаи мушоҳидаҳои чандинсола мебошанд. Мо ақида дорем, ки онҳо сазовори диққат ва муҳокимаи ҷиддиянд.
Агар ними он чизе, ки дар ин китоб гуфта шуд, дуруст бошад, мо бояд иқрор кунем, ки имрӯз дар фарҳанги сухани тоҷикӣ нуқсон бисёр аст. Лекин инро фақат иқрор кардан кифоя нест, балки чорае ҳам дидан даркор аст, коре ҳам кардан лозим аст, ки ин камбудиҳо пешгирӣ шавад.
Чингиз Айтматов гуфта буд, ки «сухан асоси тамаддун ва пешрафт аст»1. Маданияти баланди ҷомеа ва пешрафти маънавии онро бидуни забони иқтидорманде тасаввур наметавон кард. Ҳастии таърихии халқ ва ҷустуҷӯйҳои бардавоми маънавии ӯ дар оинаи забон акс андохтааст. Пас ин оинаро тозаву беғубор бояд нигоҳ дорем, то ҳастии маънавии худро аз он бинем ва барои такмили худ кӯшем.

1 Ниг.: «Литературная газета», 26 сентября соли 1984, № 39, с. 4.

пешина
аз 393