Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Устод Айнӣ аз нимаи дувуми солҳои бист ба забони тарҷума диққати махсус додааст. Вай соли 1928 дар мақолаи «Забони тоҷикӣ» дар хусуси чанд масъалаи муҳими забони адабӣ сухан ронда, ба забони тарҷумаи як мақолаи маҷаллаи «Раҳбари дониш» махсусан таваққуф намудааст ва пас аз таҳлили чанд мисол чунин хулосае баровардааст: «Ин чизҳо чизҳои хурди назарногиранд, бо вуҷуди ин ба сабаби бепарвой кардан дар монандӣ ин чизҳо хусусияти забони тоҷик бар бод меравад».

Дидед, нисбат ба «чизҳои хурди назарногир» бепарвой кунем, «хусусияти забони тоҷикӣ бар бод меравад». Бепарвоии андак хусусияти забони миллиро бар бод медиҳад! Модомки чунин аст, донед, ки аз бемасъулиятиҳои калон, ки намунаи он дар ин китоби мо бисёр омад, забони миллӣ ва баъзе вежагиҳои он хеле осеб дидааст.

Чунонки дар аввали ин китоб зикр шуд, соли 1941 дар бораи нуқсони забони тарҷумаҳои тоҷикӣ як мақолаи Эм. Муллоқандов чоп шуда буд. Айнӣ муаллифи ин мақоларо табрикунон ба ӯ мактубе навишта буд. Дар ин мактуб ҳукми Айнӣ дар ҳаққи баъзе тарҷумонҳои камҳунар боз ҳам сахттар аст. Вай гуфтааст:

«Яке аз олимони европой (кӣ буданашро фаромӯш кардаам) гуфта буд, ки «душмани қаттоли забон тарҷумон аст». Мо бояд дар навбати аввал ба ин душмани қаттоли забон—кушандаи забон (на танҳо вайронкунандаи забон) ҳамлаи муташаккилона орем».

Бешак, модоме ки устод Айнӣ дар бораи тарҷумонҳо ин қадар сахт гап задааст, ба ин кор асосе дошт. Аз бойгонии (архиви) ӯ маълум мешавад, ки ӯ тарҷумаҳои тоҷикиро мутолиа мекард ва аз мусоҳилакории баъзе тарҷумонҳо хеле ба ғазаб меомад. Дар ин ҳам шубҳае нест, ки устод умуман зидди тарҷума набуд ва ҳамаи тарҷумонҳоро «душмани қаттоли забон—кушандаи забон» намешумурд, балки ба кори эҷодии баъзе тарҷумонҳои тоҷик баҳои баланде медод. Лекин дар ҳақиқат мо тарҷумонҳое ҳам доштем ва ҳанӯз дорем, ки зарари кори онҳо ба забони тоҷикӣ дар баъзе мавридҳо аз фоидаи кори тарҷумонҳои пухтакорамон зиёдтар аст. Дар тарҷумаи онҳо, ба қавли Айнӣ, «забон аз рӯҳи тоҷик дур мешавад», зеро калимаҳоро на ба он тарзе, ки дар тоҷикӣ расм шудааст, кор мефармоянд, ибораю ҷумлахое

пешина
аз 393
навбатӣ